Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар - қаҳрамони Осиё барои бозӣ бо Афғонистон ба Душанбе омад


Тими миллии футболи Қатар – барандаи Ҷоми Осиё-2019 барои бозӣ бо мунтахаби Афғонистон дар рақобатҳои муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 ба пойтахти Тоҷикистон – Душанбе – омад.

Бозии гурӯҳи “Е” миёни тимҳои миллии Афғонистон ва Қатар шоми сешанбеи 19-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Ба ҷуз аз Афғонистону Қатар, ба гурӯҳи «Е» дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Умон ва Ҳиндустон дохиланд. Дар ин гурӯҳ мунтахаби Қатар бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Мунтахаби Умон бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Мунтахаби Афғонистон бо 4 имтиёз дар ҷойгоҳи севум қарор дорад. Мунтахаби Ҳиндустон бо 3 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.

Бояд гуфт, ки қаҳрамонии ҷаҳон соли 2022 дар Қатар доир мегардад ва мунтахаби ин кишвар ба ҳайси мизбон барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ иштирок хоҳад кард. Мунтахаби Қатар ду бор (солҳои 1984 ва 1992) дар Бозиҳои олимпӣ ширкат варзида, дар Олимпиадаи соли 1992 ба чорякфинал баромадааст.

Инчунин мунтахаби Қатар дар Бозиҳои 15-уми осиёӣ соли 2006 ғолиб омада, ду бор (солҳои 1992 ва 2004) барандаи Ҷоми халиҷи Форс гардидааст.

Мунтахаби Қатар соли 2019 дар Ҷоми Осиё пирӯз шуда, ба аввалин дастоварди бузург дар мусобиқоти байналмилалӣ мушарраф гаштааст. Қатариҳо дар ҳамаи ҳафт бозӣ ғолиб омада, 19 гол заданд ва танҳо як гол хӯрданд, он ҳам дар бозии ниҳоӣ муқобили мунтахаби Ҷопон. Ҳамлагар Ал-Моиз Алӣ беҳтарин нишонзан ва бозигари қаҳрамонии Осиё-2019 шудааст.

Дар ҳамин ҳол тими миллии Афғонистон бо раҳбарии сармураббӣ Анӯш Дастгири 29-сола, ки дар Ҳолланд ба сар мебарад, дар шаҳри Душанбе ба бозии даври шашуми марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 дар гурӯҳи “Е” муқобили рақиби пуртаҷрибаву номдораш - мунтахаби Қатар - омодагӣ мебинад. Бояд гуфт, ки 95 дар сади бозигарони мунтахаби Афғонистон дар бошгоҳҳои футболи хориҷӣ бозӣ мекунанд.

Зимнан, тими миллии Афғонистон нахустин бозиашро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Е» муқобили мунтахаби Бангладеш 10-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом дод. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Вале баъдан футболбозони афғон дар ду бозии дигари гурӯҳи “Е” дар меҳмонӣ аз мунтахаби Қатар бо ҳисоби бузурги 0:6 ва мунтахаби Умон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда, бозии даври панҷумро дар Душанбе бо мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд.

Бояд тазаккур дод, Федератсияи футболи Афғонистон Тоҷикистонро мизбони бозиҳои дастаи мунтахаби миллӣ ҷиҳати баргузории бозиҳои марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 интихоб намудааст.

Мунтахаби Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозиҳои хонагиашро барои бори дувум аст, ки дар хоки Тоҷикистон баргузор мекунад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон мизбонии рақобатҳои дастаи мунтахаби Афғонистонро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 пазируфтааст.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «Е»

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

Афғонистон – Қатар

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “Е”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қатар

4

3

1

0

10-1

10

2

Умон

4

3

0

1

10-4

9

3

Афғонистон

4

1

1

2

2-10

4

4

Ҳиндустон

4

0

3

1

3-4

3

5

Бангладеш

4

0

1

3

2-8

1

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG