Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022: Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Мянмар. САДО


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 аз тими миллии Мянмар бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.

Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон имрӯз, 14-уми ноябр, дар шаҳри Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», баргузор шуд.

Дар нимаи аввали дидор мизбонон хеле фаъол буданд ва зуд-зуд ба ҳуҷум мегузаштанд. Ба ҳамлагари онҳо Лам Ман Суан дар дақиқаи 10-уми бозӣ муяссар шуд, ки тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид намояд.

Баъди 26 дақиқа ҳисоб баробар шуд - 1:1. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд. Ҳуҷумҳои пайиҳами мизбонон боз бо гол анҷомид. Голи дувуми мянмариҳоро дар дақиқаи 41-ум боз ҳам Лам Ман Суан аз масофаи наздик ба самар расонид. Дастаҳо бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мунтахаби Мянмар ба танаффус баромаданд.

Нимаи дувуми дидор низ пуршиддат гузашт. Голи севуми мизбононро Аунг Тҳу дар дақиқаи 48-ум зад. Баъди 9 дақиқа Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, бо зарбаи сар тӯбро ба тӯри дарвозаи мизбонон ворид намуда, ҳисобро тағйир дод - 3:2.

Дар дақиқаи 63-юми дидор боз футболбозони Мянмар муваффақ шуданд. Голи чаҳоруми мянмариҳоро Маун Маун Луин ба самар расонид. Пас аз 14 дақиқа ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов голи севуми дастааш ва голи дувуми худро дар ин бозӣ ба дарвозаи мизбонон зад.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, аз тими миллии Мянмар бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда, аз се имтиёз маҳрум шуд.

Зимнан, Тошев пеш аз ин бозӣ гуфта буд, “мо ба Мянмар барои нишон додани бозии хуб ва се имтиёз гирифтан омадаем. Натиҷаи дигар моро қаноатманд намекунад.” Вале ваъдаи ӯ иҷро нашуд ва дар чунин маворид маъмулан сармураббиён бо хоҳиши худ аз вазифаашон истеъфо медиҳанд.

Дарвоқеъ, баъди се бохти пайиҳам ба тимҳои миллии Муғулистон (0:1), Ҷопон (0:2) ва Қирғизистон (0:7), сармураббии собиқи дастаи мунтахаби Мянмар Миодраг Радулович аз Черногория аз вазифааш сабукдӯш шуд. Мунтахаби Мянмар таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Антуан Ҳей аз Олмон аввалин пирӯзӣ ба даст овард.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии охир аз мунтахаби Ҷопон дар майдони худ бо ҳисоби 0:3 ва аз мунтахаби Мянмар дар меҳмонӣ бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Ин нокомиҳо, албатта, боиси нигаронии коршиносону мухлисони футболи тоҷик гардидааст.

Алимаҳмад Мирзоев, коршиноси футбол, рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз бохти мунтахаби Тоҷикистон ба Мянмар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, чашмдор набудааст, ки мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ шикаст мехӯрад.

"Ба фикрам, бозигарони мо гумон доштанд, дастаи Мянмар, ки се бозиро пайиҳам бохта буд, суст аст ва ба осонӣ ғалаба мекунанд. Вале нописандӣ онҳоро ба шикаст рӯбарӯ кард. Бозигарони мо ба хатоҳои зиёд роҳ дода, аз се хол маҳрум шуданд. Сармураббии нави Мянмар тавонистааст, ки дар як муддати кӯтоҳ дастаро ба бозӣ муқобили Тоҷикистон хуб омода созад. Мянмариҳо дар майдони худ бо дастгирии мухлисонашон бозии ҷолиб нишон дода, чор голи зебо заданд. Ба мунтахаби Тоҷикистон барои имкони ба марҳилаи сеюми мусобиқот баромаданро аз даст надодан, дар бозӣ бо Қирғизистон ғалаба ниҳоят зарур аст",-иброз дошт Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори футболи тоҷик.

Гуфтугӯ бо коршиноси футбол Алимаҳмад Мирзоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00
Линки мустақим


Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “F” шоми имрӯз мунтахаби Ҷопон дар Бишкек тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Такуми Минамино дар дақиқаи 41-ум аз пеналтӣ ва Генки Нарагучи дар дақиқаи 53-юм заданд.

Мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарчор бозиаш ғолиб омада, бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Дастаҳои мунтахаби Муғулистон ва Мянмар сеимтиёзӣ доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Муғулистон дар зинаи чаҳорум ва Мянмар дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.

Мунтахаби Тоҷикистонро боз як бозии мушкил бо рақиби аслиаш мунтахаби Қирғизистон дар пеш аст. Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо мунтахаби Қирғизистон 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 5-ум

Мянмар – Тоҷикистон – 4:3 (2:1)

Голҳо: Лам Ман Суан, 10, 41, Аунг Тҳу, 48, Маун Маун Луин, 63 - Манучеҳр Ҷалилов, 36 (аз пеналтӣ), 77, Фарҳод Восиев, 57.

Мянмар: Кяв Зин Хтет, Неин Чан, Зав Мин Тун, Дэвид Хтан, Хлаинг Бо Бо, Мг Лвин (Зав Уе Тун, 73), Аунг Тҳу, Маун Маун Луин, Ян Наинг Оо, Лам Ман Суан (Тин Вин Аунг, 58), Мио Ко Тун (Тхан Паинг, 66).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Фарҳод Восиев (Шериддин Бобоев, 71), Искандар Ҷалилов (Манучеҳр Сафаров, 64), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 38), Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Неин Чан (Мянмар), Алишер Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

Сардовар: Масъуд Туфайлӣ (Сурия).

Нозири доварон: Азими Абдулло (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Ҷаясурия Дилан Рукантха Де Силва (Шри-Ланка).

14-уми ноябр. Мандалай. Варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium». 7365 тамошобин.

ҚирғизистонҶопон – 0:2

Голҳо: Такуми Минамино, 41 – аз пеналтӣ (0:1). Генки Харагучи, 53 (0:2).

Огоҳонида шуд: Эндо (Ҷопон).

Сардовар: Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш (Арабистони Саудӣ).

Нозири доварон: Фонг Яу Фат Ҷейм (Ҳонконг).

Комиссари бозӣ: Асеп Сапутра (Индонезия).

14-уми ноябр. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов. 17 543 тамошобин.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

4

4

0

0

13-0

12

2

Қирғизистон

4

2

0

2

9-4

6

3

Тоҷикистон

4

2

0

2

5-7

6

4

Муғулистон

4

1

0

3

2-9

3

5

Мянмар

4

1

0

3

4-13

3

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26-уми марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31-уми марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4-уми июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9-уми июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG