Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешин хост, тарафдоронашро озод кунанд


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, даъват дорад, ки ҳамаи боздоштшудаҳои ҳодисаҳои рӯзҳои 7 ва 8-уми августи имсол дар деҳаи Қой-Тош озод карда шаванд. Чунин изҳоротро Отамбоев рӯзи 13-уми ноябр паҳн кард.

Дар изҳорот омадааст, боздошти ҳаводорони вай ва иштирокдорони ҳодисаҳои Қой-Тош ба хотири "тарс додан ва иҷборан хомӯш кардан" сурат гирифтааст.

Отамбоев дар изҳорот гуфтааст, "мақомот огоҳ ҳастанд, ки афроди зикршуда айбе надоранд. Агар суоле ҳаст, аз ман бипурсанд. Бигзор маро ба ҳар муҳлате, ки мехоҳанд, зиндонӣ кунанд. Ман дар замони роҳбарии ин ҳукумат ба ҳар чизе омодаам. Аммо ҳамаи онҳое, ки дар робита ба ҳаводиси 7-8-уми август август боздошт шудаанд, бояд озод шаванд. Онҳо танҳо дар он айбдоранд, ки ба адолат, қонун, Конститутсияи кишвар бовар карданд."

Рӯзҳои 7-8-уми август дар деҳаи Қой-Тоши Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай то 26-уми октябр ба ҳабс гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷиноят, аз ҷумла дар робита ба ҳодисаҳои Қой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани яке аз афроди бонуфузи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбат ба Отамбоев 14 айб эълон шудааст.

Баъди боздошти Отамбоев чанде аз тарафдорони ӯро, аз ҷумла вакилони порлумон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина, вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, мушовири пешини роҳбари давлат Кундуз Жолдубоева, раиси пешини КДАМ Абдил Сегизбоев ва дигаронро ба бозпурсӣ даъват карданд.

Дар ҳоли ҳозир роҳбари пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, ҷонибдорони президенти пешин Алга Киличов, Кияз Смаилов ва Амантур Жамгирчиев бо гумони ғасби шаш корманди мақомоти Қирғизистон дар боздошт ҳастанд. Ба айни ҳамин гумон вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова дар ҳабси хонагӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG