Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Мянмар ба Мандалай расид


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 12-уми ноябр барои баргузор кардани бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили тими миллии Мянмар аз Куала-Лумпур бо ҳавопаймо тавассути Бангкок ба Мандалай расид.

Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр дар Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик, ки дар Мандалай дар меҳмонхонаи «Ritz Grand Hotel» иқомат мекунанд, шоми сешанбе дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев тамрин карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар дохил аст, ки 7 нафарашон легионер мебошанд. Баъди танаффуси тӯлонӣ ба ҳайати тими миллии кишвар ҳимоятгари «Нефтехимик»-и Нижнекамски Русия Фарҳод Восиев ва нимҳимоятгари «Бухоро»-и Узбекистон Фатҳулло Фатҳуллоев даъват шуданд.

Ба ғайр аз онҳо, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон боз панҷ легионер - ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон) ва Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), инчунин ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш) - дохиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Мянмар:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Русия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳарсе аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистонро ҳакамон аз Сурия таҳти сарварии довари FIFA Масъуд Туфайлӣ доварӣ мекунанд. Азими Абдулло аз Малайзия нозири доварон ва Ҷаясурия Дилан Рукантха Де Силва аз Шри-Ланка комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 5-ум

14-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30 бо вақти Душанбе

Мянмар – Тоҷикистон

Мандалай, варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium»

Ёдовар мешавем, мунтахаби Ҷопон, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG