Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон дар Осиё беҳтарин эътироф шуд


Акс аз сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон

Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон бо ҷоизаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019 мукофотонида шуд. Маросими супурдани ҷоизаҳо 12-уми ноябр дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – дар ҷараёни конфронси севуми ҷавонони Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) доир гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ҷоизаи вижаи беҳтарин лигаи наврасон дар Осиё дар соли 2019-ро дабири кулли AFC Дато Виндзор Ҷон ва нимҳимоятгари собиқи «Манчестер Юнайтед»-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Пак Чжи Сун ба мудири Лигаи кӯдакону наврасони футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков тақдим намуданд.

Бояд гуфт, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба тарғиб ва рушди футболи кӯдакону наврасон дар кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки мусобиқоти лигаи наврасон дар се гурӯҳ миёни футболбозони 15, 17 ва 18-сола баргузор мешавад ва дастаҳо муборизаи оштинопазир мебаранд.

“Гирифтани ҷоизаи ҳайсиятӣ аз АФК ин, дар ҳақиқат, дастоварди бузург барои футболи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон аст. Мо алакай маҳсули меҳнати худро мебинем ва мехоҳам ба ҳамаи дастаҳое, ки дар мусобиқоти мо ширкат меварзанд, изҳори сипос намоям. Ин ҷоиза ҳанӯз оғози кор аст ва мо азми комил дорем, ки солҳои наздиктарин лигаи худро васеъ ва беҳтар кунем», – гуфтааст Увайдо Давлатбеков.

Аз рӯи номинатсияҳои дигар ҷоизаи беҳтарин мураббии сол дар футболи ҷавонон ба Абдулваҳҳоб Носир Ал-Ҳарбӣ, ки бо раҳбарии ӯ мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-16) ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии Федератсияи Ғарбии футбол гардид, супурда шуд.

Ҳамчунин Академияи бошгоҳи футболи «Шандун Лунэн Тайшан»-и Чин, ки беҳтарин академияи ҷавонони сол дар Осиё эътироф шуд, бо ҷоизаи AFC сарфароз гашт.

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG