Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули ширкати русии "Лукойл" коргарони узбекро "рамаи гӯсфандон" номидааст


Акс аз навори видеоӣ гирифта шудааст

Коргарони маҷмааи омодасозии гази "Ҷалақудуқ" дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон гуфтанд, ки як масъули ширкати русии "Лукойл" онҳоро таҳқир карда, "тӯдаи гӯсфандон" номидааст. Баъзе аз коргарон дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса ду ҳафта пеш рух дод, аммо муроҷиати онҳо ба мақомоти маҳаллӣ то ин дам бенатиҷа буд.

Дар наворе, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, марде дар сар кӯлоҳи ширкати нафти "Лукойл"-и Русияро дорад ва коргаронро таҳқир мекунад. Манобеъ гуфтанд, ин мард Иван Шилов, масъули ширкати "Лукойл Узбекистон Оперейтинг Компани" аст.

"Иван Александрович Шилов аз шаҳри Перми Русия ба Узбекистон омадааст", -- гуфт як коргари ширкат. Камолиддин Носиров, намояндаи “Лукойл” дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки воқеан Шилов дар идораи асосии онҳо дар Тошканд кор мекунад. Вай баъди он ки ба дархосташ дар бораи ошкор кардани номи коргарони норозӣ ҷавоби рад гирифт, ҷузъиёт надод.

"Чунин шикоятҳо зиёд аст ва мо ба шумо ҳамон вақт ҷавоб медиҳем, ки ба имейли мо навор ва дархости расмӣ фиристед", -- афзуд ӯ.

Дар навор дидан мумкин аст, ки ин масъули "Лукойл" дар Узбекистон коргарони маҳаллиро таҳқир мекунад ва онҳоро тӯда ё рамаи гӯсфандон садо мезанад. "Ба хонаатон равед... ба деҳаи худ", -- мегӯяд ӯ.

Дар видеои тақрибан дудақиқаӣ корманди "Лукойл" беш аз бист бор дашном додааст. Як корманди "Лукойл"-и Узбекистон ба шарти фош нашудани номаш гуфт, ин видео дар корхонаи "Ҳисор" сабт шудааст.

"Марде, ки дашном медиҳад, Иван Александрович Шилов аст ва дар идораи асосии "Лукойл" дар Тошкнад кор мекунад", -- гуфт ӯ ва афзуд, ин видео дар байни коргарон паҳн шудааст ва мақомот аз онҳо забонхат гирифтаанд, ки наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нагузоранд.

Як коргари маҳаллии "Лукойл" дар Узбекистон гуфт, таҷрубаи таҳқири коргарон ва аз кор рондани онҳо ба сабаби надонистани забони русӣ зиёд аст.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо Иван Шилов дар тамос шавад ва асли қазияро аз ӯ ҳам бипурсад.

Истихроҷи газ яке аз фаъолиятҳои асосии ширкати "Лукойл"-и Русия дар Узбекистон аст. Ин ширкат дар иҷрои тарҳи "Кандим-Хаузак-Шади-Кунград", "Ҷанубу ғарби Ҳисор" ва "Арал" шарики стратегии "Узбекнефтегаз" аст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG