Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста дар нимфинали қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (U-17)


Чаҳор дастаи мунтахаби наврасон – Мексика, Нидерланд, Фаронса ва Бразилия ба даври ниманиҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.

Дар чаҳорякфинали қаҳрамонии ҷаҳон-2019 рӯзи якшанбеи 10-уми ноябр Нидерланд бар Парагвай бо ҳисоби 4:1 ва Мексика бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:0, рӯзи душанбеи 11-уми ноябр Фаронса бар Испания бо ҳисоби 6:1 ва Бразилия бар Италия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, чаҳор дастаи мунтахаби наврасон – Фаронса ва Нидерланд аз қораи Аврупо, Мексика аз Амрикои Шимолӣ ва Бразилия аз Амрикои Ҷанубӣ – муборизаро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола идома медиҳанд.

Дар даври ниманиҳоӣ рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр Мексика бо Нидерланд ва Фаронса бо Бразилия рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия дар гурӯҳи “Е” бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.

Футболбозони навраси тоҷик дар сабқати гурӯҳӣ бар мунтахаби наврасони Камерун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аз дастаҳои Испания (1:5) ва Аргентина (1:3) шикаст хӯрданд.

Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Испания ва Аргентина ба ҳаштякфинал баромаданд. Испания, ки дар даври ҳаштякниҳоӣ Сенегалро мағлуб кард, дар чорякфинал аз Фаронса бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2019 маҳрум гашт. Аргентина бошад, бозиро дар ҳаштякфинал ба Парагвай бо ҳисоби 2:3 бохт.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)

1/8 финал

5-уми ноябр (сешанбе)

Ангола – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1

Нигерия – Нидерланд – 1:3

6-уми ноябр (чоршанбе)

Ҷопон – Мексика – 0:2

Испания – Сенегал – 2:1

Бразилия – Чили – 3:2

Фаронса – Австралия – 4:0

7-уми ноябр (панҷшанбе)

Эквадор – Италия – 0:1

Парагвай – Аргентина – 3:2

1/4 финал

10-уми ноябр (якшанбе)

Нидерланд – Парагвай – 4:1

Кореяи Ҷанубӣ – Мексика – 0:1

11-уми ноябр (душанбе)

Испания – Фаронса – 1:6

Италия – Бразилия – 0:2

1/2 финал

15-уми ноябр (ҷумъа)

00:30 Мексика – Нидерланд

04:00 Фаронса – Бразилия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе

XS
SM
MD
LG