Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Хушқадам Хусравов дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон


Хушқадам Хусравов
Хушқадам Хусравов

Хушқадам Хусравов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ имрӯз, 10-уми ноябр, ба поён расид, дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ ба даст овард ва бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА мукофотонида шуд.

Ин дувумин медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ, ки рӯзҳои 8-10-уми ноябр дар Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ба шумор меравад.

Рӯзи 9-уми ноябр Сорбон Латифов, гуштигири тоҷик, дар қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни то 62 кило бо медали биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА мукофотонида шуда буд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ гуштигир дохил буд: Акмалиддин Каримов (вазни то 57 кг), Хушқадам Хусравов (то 62 кг), Парвиз Додов (то 68 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (то 74 кг), Зафар Олимшоев (то 90 кг), Одилҷон Сафаров (+100 кг) оид ба самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов (то 62 кг), Ҷамшед Умаров (то 57 кг), Худоёр Раҷабзода (то 68 кг) оид ба самбои размӣ.

Аз байни онҳо ду нафар - Сорбон Латифов ва Хушқадам Хусравов – медал гирифтанд. Акмалиддин Каримов ва Зафар Олимшоев ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои нишондодаи гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи имсола нисбат ба қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар соли гузашта хеле паст аст. Ба назари коршиносон иллати паст шудани натиҷаҳои варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон ба ширкати хеле ками онҳо дар мусобиқоти имсолаи байналмилалӣ бастагӣ дорад.

Ёдовар мешавем, гуштигирони тоҷик соли 2018 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки моҳи ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, чаҳор медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гашта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Зимнан, дар таърихи варзиши тоҷик ӯ баъди Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро оид ба самбои варзишӣ ба даст овардааст.

Дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ дар Бухарест Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 74 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Медали севуми биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Сорбон Латифов дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 62 кило оварда буд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ беш аз 460 варзишгар (мардону занон) аз 74 кишвар барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни занон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) мубориза бурданд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон 216 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои ҷойи якум 3000 доллар, барои ҷойи дувум 2000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда шуд.

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии ҷаҳон варзишгарони 23 кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд, ки дар байни онҳо аксариятро намояндагони 12 кишвари собиқи шӯравӣ ташкил медиҳанд. Зимнан, ватани самбо Русия мебошад. Варзишгарони ин кишвар бо касби 25 медал (20 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Мунтахаби Муғулистон бо касби 11 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Украина бо касби 6 медал (2 тилло ва 4 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 2 медали биринҷӣ ҷойи 16-умро азони худ кард ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Узбекистон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи 5-ум, Қазоқистон бо касби 9 медал (4 нуқра ва 5 биринҷӣ) ҷойи 8-ум, Туркманистон бо касби 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи 10-ум ва Қирғизистон бо касби 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи 11-умро соҳиб шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ, 8-10-уми ноябр:

Самбои варзишӣ

Мардон

52 кг

1. БЕГЛЕРОВ Игор (Русия)

2. РАИМҚУЛОВ Болатбек (Қазоқистон)

3. НАДАРЕИШВИЛИ Гиви (Гурҷистон)

3. ШИН Лаёнг (Kореяи Ҷанубӣ)

57 кг

1. ЧИДРАШВИЛИ Вахтанги (Гурҷистон)

2. ХЕРТЕКСаян (Русия)

3. ЧИМЕДДОРҶ Mарал-Эрдене (Mуғулистон)

3. АБДУҶАЛИЛОВ Авазбек (Узбекистон)

62 кг

1. ҲАМРОЕВ Давлатҷон (Узбекистон)

2. КАРАКИЗИДИС Саввас (Юнон)

3. ЖАНАНИЙЕТ Роҳат (Қазоқистон)

3. ХУСРАВОВ Хушқадам (Tоҷикистон)

68 кг

1. ДОВДОН Алтансух (Mуғулистон)

2. ЛУЛУАШВИЛИ Mиндия (Гурҷистон)

3. ВОРОБЁВ Михаил (Русия)

3. ҲАСАНОВ Эмил (Озарбойҷон)

74 кг

1. КУРЖЕВ Уалӣ (Русия)

2. ПОПОВ Степан (Беларус)

3. НАХУТСРИШВИЛИ Леван (Гурҷистон)

3. НАРАНХУУ Хадбаатар (Mуғулистон)

82 кг

1. ГРИГОРЯН Арам (Русия)

2. РАҲМОНОВ Улуғбек (Узбекистон)

3. ГРИГОРЯН Давид (Aрманистон)

3. БЕРУЛАВА Бесариони (Гурҷистон)

90 кг

1. РЯБОВ Сергей (Русия)

2. ГВИНИАШВИЛИ Паата (Гурҷистон)

3. ЁҚУБОВ Неъмат (Узбекистон)

3. СТЕПАНКОВ Алексей (Беларус)

100 кг

1. КИСЕЛЁВ Руслан (Русия)

2. ЛОРИАШВИЛИ Давити (Гурҷистон)

3. БЙЕРЙЕДМУРАТ Серик (Mуғулистон)

3. КАЗУСИОНАК Aндрей (Беларус)

+100 кг

1. ДАМДИНСУРЕН Пуревдорҷ (Mуғулистон)

2. НАТЕА Илие Даниел (Руминия)

3. ВОЛКОВ Aндрей (Русия)

3. БЕРДЗЕНИШВИЛИБека (Гурҷистон)

Самбои размӣ

52 кг

1. АСКАНАКОВ Родион (Русия)

2. ДОМБАЙЕВ Нуркен (Қазоқистон)

3. ГАНКУЯГ Ганбаяр (Mуғулистон)

3. АТАЕВ Наврӯз (Tуркманистон)

57 кг

1.НЕСТЕРОВ Aлександр (Русия)

2. ТУССУПОВ Серикжан (Қазоқистон)

3. ТАНРИБЕРДИЕВ Aҳмад (Tуркманистон)

3. НЯМХУУ Toгтохбаяр (Mуғулистон)

62 кг

1. ДУРИМАНОВ Фёдор (Русия)

2. ДАВЛАТОВ Kаримбердӣ (Tуркманистон)

3. ЛАТИФОВ Сорбон (Tоҷикистон)

3. КАПАРОВ Эрнис (Қирғизистон)

68 кг

1. КОБЕНОВ Степан (Русия)

2. АЛИШВИЛИ Мераб (Гурҷистон)

3. МАҲМУДОВ Ерлан (Қазоқистон)

3. ҚАҲРАМОНОВ Саидёқуб (ИМА)

74 кг

1. РУДНЕВ Владислав (Украина)

2. ҚУДРАТОВ Истам (Узбекистон)

3. ХАТХОХУ Байзет (Русия)

3. НЕРГУЛ Oтгонбаатар (Муғулистон)

82 кг

1. КОДЗАЕВ Aсланбек (Русия)

2. ШАКИРМАМАТОВ Эдилбек (Қирғизистон)

3. AЛЕКСЕЕВИЧ Яуҳени (Беларус)

3. СМАЙЛОВ Aссилбек (Қазоқистон)

90 кг

1. МАГОМЕДОВ Mагомед (Русия)

2. БАТСАИХАН Tенгис (Mуғулистон)

3. ДАВИДЕНКО Петро (Украина)

3. АМАТОВ Ҷонибек (Қирғизистон)

100 кг

1. НЕМКОВ Вадим (Русия)

2. ЮЛДОШЕВ Илҳомҷон (Узбекистон)

3. АННАҚУРБОНОВ Чоримурод (Tуркманистон)

3. TУР-OЧИР Aриунболд (Mуғулистон)

+100 кг

1. СИДЕЛНИКОВ Кириллl (Русия)

2. ҶАНТОВ НАНА Mаксвел (Камерун)

3. TОНОЯН Размик (Украина)

3. ИСМОИЛОВ Ҳакимҷон (Узбекистон)

Ҳисоби дастаӣ

Занон

1. Русия

2. Украина

3. Булғористон

Мардон

1. Русия

2. Mуғулистон

3. Гурҷистон

Самбои размӣ

1. Русия

2. Украина

3. Қазоқистон

XS
SM
MD
LG