Ҳашт дастаи мунтахаби наврасон – Кореяи Ҷанубӣ, Нидерланд, Мексика, Испания, Бразилия, Фаронса, Италия ва Парагвай ба даври чорякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.
Дар ҳаштякфинал Кореяи Ҷанубӣ бар Ангола бо ҳисоби 1:0, Нидерланд бар Нигерия бо ҳисоби 3:1, Мексика бар Ҷопон бо ҳисоби 2:0, Испания бар Сенегал бо ҳисоби 2:1, Бразилия бар Чили бо ҳисоби 3:2, Фаронса бар Австралия бо ҳисоби 4:0, Италия бар Эквадор бо ҳисоби 1:0 ва Парагвай бар Аргентина бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.
Ба ин тартиб, дар даври чорякниҳоӣ рӯзи якшанбеи 10-уми ноябр Нидерланд бо Парагвай ва Кореяи Ҷанубӣ бо Мексика, рӯзи душанбеи 11-уми ноябр Испания бо Фаронса ва Италия бо Бразилия рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия дар гурӯҳи “Е” бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.
Футболбозони навраси тоҷик бар мунтахаби наврасони Камерун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аз дастаҳои Испания (1:5) ва Аргентина (1:3) шикаст хӯрданд.
Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Испания ва Аргентина ба ҳаштякфинал баромаданд. Испания, ки дар даври ҳаштякниҳоӣ Сенегалро шикаст дод, ҳамакнун дар чорякфинал бо Фаронса рақобат мекунад. Вале Аргентина, ки бозиро ба Парагвай бохт, аз идомаи мубориза барои медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2019 маҳрум гашт.
Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)
1/8 финал
5-уми ноябр (сешанбе)
Ангола – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1
Нигерия – Нидерланд – 1:3
6-уми ноябр (чоршанбе)
Ҷопон – Мексика – 0:2
Испания – Сенегал – 2:1
Бразилия – Чили – 3:2
Фаронса – Австралия – 4:0
7-уми ноябр (панҷшанбе)
Эквадор – Италия – 0:1
Парагвай – Аргентина – 3:2
1/4 финал
10-уми ноябр (якшанбе)
00:30 Нидерланд - Парагвай
04:00 Кореяи Ҷанубӣ - Мексика
11-уми ноябр (душанбе)
00:30 Испания – Фаронса
04:00 Италия - Бразилия
Эзоҳ : Замони оғози бозиҳо -- бо вақти Душанбе.
Мо Точикони дунë бояд муттахид шавим вагарна моро дар танхои охиста охиста нобуд мекунанд. Ахамад Шох Масуд. Душманат чор тараф хонагию ачнабианд, Тани танхо ба чи неру сафи агëр шиканам.
Махалпарасти бадб.ахти оварад Махалпарасти ба нести оварад Махалпараст машав,миллатдуст шав. Миллатдусти хушбахти оварад
Биёед ҷони гапро занем. Маҳалгароӣ ба дараҷаи олӣ ҳастем. Лекин як миллат нестем. Ҳеҷгоҳ сарҷамъ нестем. Ғайри имкон аст,ки Бадахшониҳо,Суғдиҳо, Кӯлобиҳо, Қаротегиниҳо ва ғайра як миллат бошанд. Чаро? Бо якдигар дӯсту бародар нестем. Ба якдигар раҳм надорем. Кадомеро пурси мегӯяд ман зӯрам айби ман нест. Дур назар накунед афғону эрониву ӯзбеку қирғизу қазоқро бинед. Оё мо ягон давру замон сарҷамъ ва як миллат мешавад? Ё на мусалмони ҳақиқи ва на кофири мутлақ мемонем???
Кор то дарачае расидааст ки рохбарони дарачаи поёни низ аз нигохи махал тайин мегарданд. Масалан директори бозори марказии ш. Истаравшан аз кадом як минтакаи чануб таин гардид . Дар рузи якуми кори тамоми кормандони пештараро аз кор ронда , гирди худ хешовандонашро чамъ намуд. То хатто назоратчиёну посбонони бозор хама хешовандони раисанд.
Чи чавоб метем? Вакте ки карздорем, Вакте ки коррупция экономикара фалач кардааст, вакте ки махалгарои ва хешу туборбози дар сатхи баланд аст, вакте ки хукумат бо халк дар як радиф нест, вакте ки бекори авч кадааст, Вакте ки халк барои нони даханша ёфтан якта якта не, гуфти у гап кабила кабила ба мухочират рафтесан, аз кадом чихат ба хитой истодагари мекуне????? Хитой уже аз паи рох кушои дар коинот аст акам. Мо холо чои кори муносиб офарида наметонем, халкро дар айни сармо бо барк таьмин када наметонем.