Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии ду сокини Ворух аз боздоштгоҳи Бодканд


Ду сокини ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, ки се ҳафта қабл аз тарафи марзбонони Қирғизистон боздошт шуданд, баъди барои пардохти ҷарима ба Тоҷикистон баргаштанд.

Мурофиаи додгоҳии онҳо 5-уми ноябр баргузор шудааст. Нурмаҳмад Каримов, яке аз наздикони боздоштшудаҳо имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Бодканд Боисҷон Бобоҳасанов ва Дилшод Каримовро ба убури ғайриқонунии марз гунаҳкор донист ва амр дод, ки 37 ҳазор сомонӣ ҷарима супоранд.

Вай гуфт, ҳарду ба шаҳри Исфара расидаанд ва ба Ворух мераванд. Нурмаҳмад Каримов афзуд, пас аз пардохти ҷаримаи ҳарду дар ҳаҷми 74 ҳазор сомонӣ онҳоро озод кардаанд. Ду сокини ҷамоати Ворухро шоми 14-уми октябр ҳангоми шикор дар мавзеи "Пули офтобрӯя" сарҳадбонони Қирғизистон боздошт карда, ба Бодканд бурданд.

Дертар наздикони боздоштшудаҳо огоҳӣ ёфтаанд, ки марзбонони қирғиз ҳардуро бо туфангҳои шикориашон бурдаанд ва дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бодканд нигаҳ медоранд. Мақомоти Қирғизистон то ҳанӯз боздошти шаҳрванди Тоҷикистонро шарҳ надодаанд.

Муроҷиати хаттии Радиои Озодӣ ба Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар се рӯзи пеш то кунун беҷавоб аст. Намояндаи кумита рӯзи 30-юми октябр дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дархост дар ҳоли баррасист, вале як рӯз баъд дар тамоси такрорӣ гуфт, ҳанӯз аз Радиои Озодӣ номае дарёфт накардаанд.

Наздикони ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон мегӯянд, Бобоҳасанов ва Каримов дар чарогоҳи мутааллиқ ба Тоҷикистон, бо номи "Пули Офтобрӯя", боздошт шудаанд. Ба хешовандони ин ду нафар гуфтаанд, ки боздоштшудагон ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешаванд.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Дар ин минтақаҳои баҳсбарангез борҳо байни сокинони ду кишвар ҷанҷолу занозанӣ сурат гирифта ва ба хунрезӣ кашидааст. Боздошти шаҳрвандони ду тараф ҳам дар манотиқе сурат мегирад, ки баҳсбарангезанд ва ҳар ду кишвар онҳоро қаламрави худ мешуморанд.

XS
SM
MD
LG