Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Туркия ду рӯзноманигори мухолифро озод кард


Аҳмад Алтан аз рост ва бародараш Меҳмет Алтан аз чап
Аҳмад Алтан аз рост ва бародараш Меҳмет Алтан аз чап

Додгоҳ дар Туркия Аҳмад Алтана, сардабири нашрияи мухолифи "Тараф" ва Нозлӣ Илиҷак, рӯзноманигорро бо шарти берун нашудан аз маҳали зист озод кард.

Дар ин бора рӯзи душанбе хабаргузории давлатии Туркия «Анадолу» хабар дод.

Моҳи феврали соли 2018 журналистони мухолиф Нозлӣ Илидҷак, Аҳмад Алтан ва бародараш, профессор Меҳмет Алтан бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳаракати мамнуи Фатҳулло Гюлен ба ҳукми абад маҳкум шуданд.

Ҳукумати Туркия Фатҳулло Гюлен, рӯҳонии муқими Амрикоро ба ташкили табаддулоти давлатӣ барои барканории президенти ин кишвар Раҷаб Эрдуғон медонанд.

Моҳи июл Додгоҳи олии таҷдиди назари Туркия иттиҳом алайҳи журналистонро аз "ташкили табаддулоти давлатӣ" ба «кӯмак ба гурӯҳи террористӣ» иваз кард.

Суди марҳилаи аввал такроран парвандаро баррасӣ кард ва мӯҳлати ҳабсро кам кард.

Рӯзноманигорон се солро дар зиндон пушти сар карданд ва додгоҳ қарор кард, ки бо шарти берун нарафтан аз маҳали зист раҳо шаванд.

Дар нисбат ба Меҳмет Алтана, ки ҳанӯз соли гузашта озод шуда буд, рӯзи душанбе додгоҳ ҳукми сафедкунанда содир кард.

Пас аз талоши табаддулоти нокоми давлатӣ дар соли 2016 дар Туркия беш аз 80 ҳазор нафар боздошт шуд ва 150 ҳазор кормандони давлат ва ҳарбиён аз мақомашон озод шуданд.

Мунтақидон мегӯянд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ин баҳона дигарандешонро саркуб кард.

XS
SM
MD
LG