Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Испания дар қаҳрамонии ҷаҳон


Лаҳзаи бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Испания.
Лаҳзаи бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Испания.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дувумаш дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия аз мунтахаби наврасони Испания бо ҳисоби бузурги 1:5 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “Е” 31-уми октябр соати 17:00 бо вақти Бразилия (1-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе) дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», баргузор шуд.

Футболбозони навраси Испания дар нимаи аввали дидор дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоевро маҷбур карданд, ки чаҳор бор тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Ҳарчор гол аз масофаҳои наздик, аз ҷаримагоҳи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвоза ворид шуд.

Герман Валера дар дақиқаи 4-ум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Роберто Наварро дар дақиқаи 20-ум ба самар расонид. Голи севумро Пабло Морено дар дақиқаи 35-ум зад. Голи чаҳоруми испаниҳо ба Давид Ларрубиа (45+1) марбут аст.

Бозигари мунтахаби наврасони Испания Алваро Каррилло дар дақиқаи 37-уми дидор тӯбро ба дарвозабони дастааш равона кард, вале ӯ онро дошта натавонист ва тӯб вориди дарвоза шуд. Ҳамин тариқ, нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 4:1 ба нафъи мунтахаби наврасони Испания ба поён расид.

Дар нимаи дувуми дидор низ испаниҳо барои голзанӣ имконияти зиёд доштанд. Дар дақиқаи 64-ум ба Роберто Наварро муяссар шуд, ки голи панҷуми даста ва голи дувуми худро дар ин бозӣ ба самар расонад. Испаниҳо барои задани голи шашум ҳам кӯшиш карданд, вале тӯб баъди зарба ба тири дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон бархӯрд.

Ба ин тартиб, ин бозӣ, ки комилан бо бартарии футболбозони навраси Испания сурат гирифт, бо пирӯзии барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон ва қаҳрамони Аврупо бо ҳисоби бузурги 5:1 хотима ёфт.

Тибқи омори ин дидор тӯб дар 69 дарсади бозӣ дар ихтиёри испаниҳо буд. Чунин ба назар мерасид, ки гӯиё тӯб ба пояшон “часпидааст” ва чи хеле ки мехостанд, ҳамон тавр онро идора мекарданд.

Зимнан, ба ҳайати мунтахаби наврасони Испания бозигароне дохиланд, ки дар бошгоҳҳои машҳури футболи Аврупо бозӣ мекунанд.

Вале футболбозони навраси тоҷик дар бозӣ муқобили рақиби пурзӯру моҳирашон натавонистанд муқобилият нишон диҳанд ва то охири бозӣ ба худ наомаданд. Беҷуръатӣ, аз рақиб ҳаросидан ва тан додан ба шикасти худ мунтахаби Тоҷикистонро ба нокомӣ бо ҳисоби бузург мувоҷеҳ кард.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), баъди анҷоми бозӣ муқобили мунтахаби наврасони Испания, гуфт, "мо мақсад доштем, ки бозиро мусовӣ кунем, вале нашуд. Дастаи мунтахаби наврасони Испанияро хуб омӯхта будем, вале бачаҳо муқобилият карда натавонистанд. Испаниҳо ниҳоят босуръат бозӣ карданд."

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “Е” дастаи мунтахаби наврасони Аргентина бар мунтахаби Камерун бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври дувум дар гурӯҳи “Е” дастаҳои мунтахаби Испания ва Аргентина чаҳоримтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Испания ҷойи аввал ва мунтахаби Аргентина ҷойи дувумро касб намудаанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо се имтиёз дар ҷои севум қарор дорад. Мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Бозии севуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ 3-юми ноябр (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) дар шаҳри Кариасикаи Бразилия, дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade», бо мунтахаби Аргентина баргузор мешавад.

Бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Камерун 3-юми ноябр соати 17:00 (01:00, 4-уми ноябр бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар гурӯҳи “Е” соҳибони роҳхатҳо ба марҳилаи баъдӣ пас аз бозиҳои даври охирин маълум хоҳанд шуд. Мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз имконияти ба ҳаштякфинал баромаданро дорад. Барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистонро дар бозии охирини гурӯҳӣ муқобили Аргентина, натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома хоҳад кард, 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба марҳилаи баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дувум дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия, Ангола (аз гурӯҳи “А”), Нигерия (аз гурӯҳи “В”), Фаронса (аз гурӯҳи “С”), Сенегал (аз гурӯҳи “D”) ва Италия (аз гурӯҳи “F”) пешакӣ ба марҳилаи ҳаштякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола роҳ пайдо кардаанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, то ҳаштякфинал роҳ ёфтааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳар ду аз «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарифов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарчор аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ - Зайниддин Раҳимов.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

Тоҷикистон Камерун 1:0

Гол: Шарифбек Раҳматов, 51 – аз пеналтӣ.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев (Ҳамадонӣ Камолов, 46), Нидоёр Забиров (Рустам Соиров, 46), Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев (Эмомалӣ Аҳмадхон, 90+4), Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов, Ислом Зоиров.

Аз бозӣ ихроҷ шуд: Шуҳрат Элмуродов (Тоҷикистонн), 72 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Ник Уолдрон (Зеландияи Нав).

28 июл. Кариасика. Варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade». 5934 тамошобин.

Даври 2-юм

Испания – Тоҷикистон – 5:1

Голҳо: Герман Валера, 4 (1:0), Роберто Наварро, 20 (2:0), Пабло Морено, 35 (3:0), Алваро Каррилло, 37 – ба дарвозаи худ (3:1), Давид Ларрубиа, 45+1 (4:1), Роберто Наварро (5:1).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Шаҳром Назаров, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев (Озодбек Панҷиев, 46), Ҳамадонӣ Камолов, Нидоёр Забиров, Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов (Эмомалӣ Аҳмадхон, 72), Ислом Зоиров, Рустам Соиров (Суннатулло Исмоилов, 72).

Огоҳӣ гирифтанд: Ҳамадонӣ Камолов (Тоҷикистон), Алваро Каррилло (Испания).

Сардовар: Иван Бартон (Салвадор).

31-уми октябр. Кариасика. Варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade». 1589 тамошобин.

Камерун – Аргентина – 1:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Испания

2

1

1

0

5-1

4

2

Аргентина

2

1

1

0

3-1

4

3

Тоҷикистон

2

1

0

1

2-5

3

4

Камерун

2

0

0

2

1-4

0

Даври 3-юм

3 ноябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

Аргентина – Тоҷикистон

Испания - Камерун

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Бразилия.

XS
SM
MD
LG