Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили Мянмар (14-уми ноябр) ва Қирғизистон (19-уми ноябр) бо тими миллии Малайзия бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин бозӣ 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур соати 20:45 бо вақти маҳаллӣ (17:45 – бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди бозии дӯстона бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, аз Куала-Лумпур ба Мандалай сафар мекунад.
Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон 14-уми ноябр дар Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Баъдан мунтахаби Тоҷикистон барои бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо мунтахаби Қирғизистон озими Бишкек мешавад. Ин бозӣ 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бар дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштааст.
Мунтахаби Ҷопон ба ҷуз аз дастаи Тоҷикистон, дар ду бозии дигар тими Мянмарро бо ҳисоби 2:0 ва мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст.
Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.
Дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.
Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи “F”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Ҷопон |
3 |
3 |
0 |
0 |
11-0 |
9 |
2 |
Қирғизистон |
3 |
2 |
0 |
1 |
9-2 |
6 |
3 |
Тоҷикистон |
3 |
2 |
0 |
1 |
2-3 |
6 |
4 |
Муғулистон |
4 |
1 |
0 |
3 |
2-9 |
3 |
5 |
Мянмар |
3 |
0 |
0 |
3 |
0-10 |
0 |
Бозии дӯстона
9-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:45 бо вақти Душанбе
Малайзия – Тоҷикистон
Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил
Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ
Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»
Даври 5-ум
14-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:30 бо вақти Душанбе
Мянмар – Тоҷикистон
Мандалай, варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium»
Даври 6-ум
19-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе
Қирғизистон – Тоҷикистон
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов