Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразилия, Ангола ва Нигерия ба ҳаштякфинали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтанд


Дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия, Ангола ва Нигерия пешакӣ ба марҳилаи ҳаштякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия то 17-уми ноябр идома меёбад, роҳ пайдо карданд.

Мунтахаби Бразилия, ки дар гурӯҳи «А» дар ду бозӣ бар мунтахаби Канада бо ҳисоби 4:1 ва мунтахаби Зеландияи Нав бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Мунтахаби Ангола низ дар гурӯҳи «А» дар ду бозӣ бар дастаҳои Зеландияи Нав ва Канада бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғолиб омада, шаш имтиёз гирифтааст. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Ангола дар ҷойи дувум қарор дорад.

Мунтахаби Нигерия бошад, дар гурӯҳи «В» бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Футболбозони навраси ин кишвари африқоӣ дар ду бозӣ бар дастаҳои Маҷористон бо ҳисоби 4:2 ва Эквадор бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 24 даста ба 6 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, ҳамчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба марҳилаи ҳаштякниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 роҳ пайдо мекунанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Аргентина ва Камерун ба гурӯҳи «Е» шомил аст, баъди натиҷагирии даври аввал бо се имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Аргентина ва Испания бо якимтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро касб намудаанд. Мунтахаби Камерун бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор дорад.

Бозии дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон 31-уми октябр (1-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе) муқобили мунтахаби Испания доир мегардад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Камерун бо мунтахаби Аргентина рақобат мекунад.

Натоиҷи бозиҳо ва мавқеи дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия

Бразилия – Канада – 4:1

Зеландияи Нав – Ангола – 1:2

Ангола – Канада – 2:1

Бразилия – Зеландияи Нав – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Бразилия

2

2

0

0

7-1

6

2

Ангола

2

2

0

0

4-2

6

3

Канада

2

0

0

2

2-6

0

4

Зеландияи Нав

2

0

0

2

1-5

0

Нигерия – Маҷористон – 4:2

Эквадор – Австралия – 2:1

Нигерия – Эквадор – 3:2

Австралия –– Маҷористон - 2:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «В»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Нигерия

2

2

0

0

7-4

6

2

Эквадор

2

1

0

0

4-4

3

3

Австралия

2

0

0

1

3-4

1

4

Маҷористон

2

0

0

1

4-6

1

Фаронса – Чили – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҳаити – 2:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «С»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Фаронса

1

1

0

0

2-0

3

2

Кореяи Ҷанубӣ

1

1

0

0

2-1

3

3

Ҳаити

1

0

0

1

1-2

1

4

Чили

1

0

0

1

0-2

0

ИМА – Сенегал – 1:4

Ҷопон – Нидерланд – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «D»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Сенегал

1

1

0

0

4-1

3

2

Ҷопон

1

1

0

0

3-0

3

3

ИМА

1

0

0

1

1-4

0

4

Нидерланд

1

0

0

1

0-3

0

Испания – Аргентина – 0:0

Тоҷикистон – Камерун – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

1

1

0

0

1-0

3

2

Аргентина

1

0

1

0

0-0

1

3

Испания

1

0

1

0

0-0

1

4

Камерун

1

0

0

1

0-1

0

Ҷазираҳои Соломон – Италия – 0:5

Парагвай – Мексика – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «F»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Италия

1

1

0

0

5-0

3

2

Мексика

1

0

1

0

0-0

1

3

Парагвай

1

0

1

0

0-0

1

4

Ҷазираҳои Соломон

1

0

0

1

0-5

0

XS
SM
MD
LG