Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афв, ислоҳоти бунёдӣ ё адолат? Баҳси зиндону зиндонбонӣ дар Осиёи Марказӣ. ВИДЕО


Баҳси роҳҳои холӣ кардани ҳуҷраҳои пури зиндонҳои Тоҷикистону минтақа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Баҳси роҳҳои холӣ кардани ҳуҷраҳои пури зиндонҳои Тоҷикистону минтақа

Зиндонҳои пур, утоқҳои танг ва шароити номусоиди маҳбасҳои Осиёи Марказӣ аз мавзӯъҳои аслии як конфронси минтақаист, ки дар шаҳри Алмаато ҷараён дорад. Барои баррасии ин мавзӯъ аз 28 то 31 октябр мақомоти умури зиндонҳо ва созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон гирди ҳам омадаанд.

Ҳадафи ин гуфтугузорҳо баррасии шароити коҳиши шумори зиндониён, решакан шудани шиканҷа ва афзоиши навъҳои ҷазоҳое мебошад, ки бидуни пушти панҷара нигаҳ доштани инсон татбиқ шаванд.

Тоҷикистон мегӯяд, ки яке аз сабабҳои қабули қонуни афв, ки ахиран мавриди иҷро қарор гирифт, маҳз зиёд будани шумори зиндониён мебошад.

Дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, дар маҳбасҳои кишвар, ба вижа дар муассисаҳои ислоҳии мардона шароити оддии беҳдоштӣ риоя намешавад ва ин ҳолат боиси афзоиши бемориву маргумир дар утоқҳои танг ваё баръакс, аз ҳад серодами зиндонҳо мешавад. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх аз Тоҷикистон борҳо хостааст, ба кормандони ин созмон иҷоза бидиҳад, ки бо шароити зиндонҳо ошно шаванд. Аммо ба гуфтаи Сироҷиддин Норов, як масъули раёсати зиндонҳои Вазорати адлия ва ширкатдори конфронсаи Алмаато,чунин созишномае ҳануз имзо нашудааст.

Ӯ гуфт: “Вазорати адлияи Тоҷикистон чандин маротиба бо намояндагии ин мақомот (аз Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх) гуфтушунидҳо дошт ва вазорати адлия ба Кумитаи Салиби Сурх пешниҳод кард, ки як шартномае ба имзо расад ва дар ин шартнома бояд моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. То имрӯз ҳамин хел шартнома ба имзо нарасидааст. То ҳол вазорати адлия бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ин бора гуфтушунид дорад”.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мехоҳад, кормандонаш бе огаҳии пешакӣ ба зиндонҳои Тоҷикистон ворид шаванд, аммо ҳукумат ба ин чиз розӣ нест. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар маъракаҳои ҷудогонаи ошноӣ бо зиндониҳо журналистону созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба маҳбасҳое бурда мешаванд, ки шароити онҳо хубу беайб аст.

Penal reform: Қазоқистон дар коҳиш додани шумори зиндониҳо пешрафт кард

Ба иттилои созмони Ислоҳот дар зиндонҳо (Penal reform), дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон аз назари коҳиш додани шумори зиндониҳо дар ҷои аввал қарор дорад. Ин кишвар тавонист, ки шумори зиндониҳоро то чор баробар – дар ҳудуди беш аз 24 ҳазор нафар кам карда, дар паи ислоҳоти низоми зиндонҳо бошад. Азамат Шамбилов, раҳбари барномаҳои Осиёи Марказии ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, Тоҷикистон шонс дорад, ки дар ин самт аз дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ пеш гузарад. Қарор аст 20 ноябр дар Душанбе форуми нахустини ислоҳот дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон баргузор шавад ва ба гуфтаи Азамат Шамбилов, омодагии мақомоти баландпояи ин кишвар барои баргузории чунин як анҷуман қадами ҷиддӣ дар амри роҳандозии ислоҳоти воқеӣ дар низоми зиндонҳои ин кишвар мебошад.

Баҳси роҳҳои холӣ кардани ҳуҷраҳои пури зиндонҳои Тоҷикистону минтақа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Тоҷикистон аз 25 октябр ба ин сӯ қонуни афвро амалӣ мекунад, ки нисбати 20 ҳазор нафар татбиқ хоҳад шуд. Мақомоти раёсати зиндонҳо мегӯянд, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон тақрибан 13 ҳазор нигаҳдорӣ мешавад ва бар асоси ваъдаи мақомот, беш аз 7 ҳазор нафар аз зиндон раҳо шуда, муҳлати нигаҳдории гурӯҳҳои дигари зиндониҳо коҳиш меёбад ваё шароити нигаҳдории онҳо тағйир дода мешавад. Мақомот гуфтанд, ки дар ду рӯзи гузашта аз зиндонҳои Тоҷикистон то ду ҳазор нафар озод шуд.

Вале қонуни афв нисбати онҳое татбиқ намешавад, ки ҷурмҳои онҳо бар асоси қонун ба талаботи афв мутобиқат намекунанд. Дар миёни онҳо, ба қавли мунаққидон, даҳҳо афроде ҳастанд, ки аз онҳо ба унвони зиндонии сиёсӣ ёд мешавад. Ин нафарон бо ҷурмҳои мисли терроризм ё хиёнат ба ватан ба зиндон рафтаанд ва моддаҳои онҳо афв ё сабукиро пешбинӣ намекунад. Ин дар ҳолест, ки дар бисёри ин қазияҳо маҳкумшудаҳо гуфтаанд, бо ҳукми худ ва дурустии иттиҳом розӣ нестанд.

“Қонуни санҷишӣ” шумори зиндониҳоро коҳиш хоҳад дод?

Азамат Шамбилов гуфт, ба фарқ аз ҳамоишҳои пешина, мақомоти Тоҷикистон ин навбат “хеле боз ва бо омодагӣ” суханронӣ ва вуҷуди мушкилот дар системаи маҳбасҳои кишварро эътироф карданд. Ӯ гуфт, дар суханронии худ намояндаи додгоҳи олии Тоҷикистон Рухшона Ҳаким аз ошӯбҳо ва ҳодисаи заҳролудшавии зиндониҳо ёдовар шуд. “Ӯ таъкид кард, ки дар баробари низоми зиндонҳо мушкилоте вуҷуд дорад, ки ба чолишҳои замони имрӯз бастагӣ дорад. Ва низоми додгустарӣ аҳамияти татбиқи меъёрҳои орӣ аз зиндонӣ кардани маҳкумшудаҳо, ҷорӣ кардани барномаҳои ҳамоишёбии зиндониҳо бо ҷомеа ба хотири роҳ надодан ба такрори ҷиноятҳоро зарур мешуморад”, гуфт Шамбилов.

Шамбилов мегӯяд, созмони онҳо талош дорад мисли дигар ҷумҳуриҳои ОМ ба Тоҷикистон низ дар қабули “Қонуни санҷишӣ” (Закон "О пробации") мусоидат кунад, то ки он имкони тағйири шеваи муҷозоти шахсро бидуни пушти панҷара бурдани ӯ фароҳам оварад. Шамбилов инро ҳамчун меъёрҳои алтернативӣ ваё ҷойгузини ҳабсу зиндон арзёбӣ мекунад, ки барои ҷиноятҳои сабуку начандон сахт татбиқ мешавад ва танҳо онҳое пушти панҷара мераванд, ки ҷиноятҳои сангин содир карда барои ҷомеа хатарнок арзёбӣ мешаванд.

Кори хадамоти санҷишӣ, ба қавли Шамбилов метавонад аз роҳи кору сӯҳбат ва омӯзиши рафтору кирдори шахс барои тарбияву аз роҳи ҷиноӣ бозгардонидани шахс мусоидат кунад. “Масалан, Қазоқистон. Барои соҳаи бизнес квота ҷорӣ мешавад. Агар шумо нафаронеро аз собиқ зиндониҳо ба кор қабул кардед, квотаи шумо 0,5 ё 2 %-ро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳаҷми корхона квота ҳам каму зиёд мешавад. Дар ин кор на танҳо сохторҳои давлатӣ, балки соҳаи хусусӣ ҳам бояд ҷалб шавад”.Яъне дар ин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, ҷалби зиндониҳои собиқ ба ҷомеа ва дилгарм шудани онҳо ба зиндагӣ беҳтар ба роҳ монда мешавад.

Ӯ гуфт, ҳадафи онҳо ин аст, ки шумори зиндониҳо дар муассисаҳои ислоҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ кам шавад. Меъёрҳои байналмилалӣ, ба гуфтаи ӯ тақозо мекунад, кишумори зиндониҳо аз ҳад зиёд набошад ва “50 то 100 нафар ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ меъёрест, ки бояд риоя шавад”. Вале ҳоло, бисёр зиндонҳои Осиёи Марказӣ аз ҳад зиёд пур ҳастанд ва аз назари сохтору биноҳо хеле қадимӣ мебошанд.

Адолати додгоҳ -- асоси тағйирот?

Талошҳо барои гуманизатсия ё башарӣ шудани низоми додгоҳҳо дар ҳолест, ки ба назари мунаққидон, дар Тоҷикистон тақозои аз ин бештар – фаъолияти одилонаву мустақили низоми додгустарӣ эҳсос мешавад. Дар паи ҳукмҳои бисёр вақт баҳсбарангез ва ғайри қобили бозбинӣ дар чор-панҷ соли охир даҳҳо нафаре пушти панҷара рафтаанд, ки мегӯянд, додгоҳ бегуноҳии онҳоро ба эътибор нагирифт ва ҳукмҳое содир кард, ки дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошанд. “То замоне, ки дар системаи судӣ ислоҳоти ҷиддӣ барпо нашавад ва судяҳо дар Тоҷикистон на аз ҷониби президент таъин шаванд, балки дар интихоботи солим ва воқеӣ пирӯз шаванд,ба адолати низоми додгустарӣ умедвор шудан нашояд”, гуфт як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Ин ҳуқуқшинос, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “судҳо сарнавишти шахсро ҳал мекунанд ва қарор мекунанд, ки ӯ озод бошад ё ба зиндон биравад. Вале вақте судя мустақил несту “фармоиши беруна”-ро иҷро мекунад, ҳатто бо гуманизатсияи маҳбасҳо ҳам вазъ зиёд тағйир намеёбад. Бояд айни чунин реформаҳо бо судҳои Тоҷикистон ҳам ба роҳ монда шавад, то ки мо ба адолати додгустарӣ бовар ҳосил кунем”.

XS
SM
MD
LG