Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виндман дар Конгресс дар бораи радди салоҳияти Трамп сухаронӣ мекунад


Виндман аз чап
Виндман аз чап

Як мақоми низомӣ дар Шӯрои амниятӣ миллӣ қарор аст дар баромади расмиаш бигӯяд, ки ду дафъа ба маъмурияти ИМА нигаронии худро баён карда гуфта буд, ки президент Доналд Трамп Украинаро водор мекунад, ки нисбати рақиби интихоботиаш аз демократҳо Ҷо Байден ва писараш Ҳантер Байден таҳқиқи ҷиноӣ ба роҳ монад. Лейтенант-полковник Александр Виндман, раиси умури аврупоӣ дар Шӯрои амнияти миллӣ қарор аст рӯзи 29 октябр дар Конгресс дар чаҳорчӯби таҳқиқи радди салоҳияти президент ҳозир шуда, бигӯяд, ки ӯ шоҳиди сӯҳбатҳои Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский шудааст. Виндман баъди сӯҳбатҳои телефонии Трамп ва Зеленский рӯзи 25 июл нигарониҳои худро ба раҳбарияти Шӯрои амниятӣ миллӣ баён карда буд. Қарор аст дар баёноти рӯзи сешанбеаш Виндман бигӯяд, ки аз назари ӯ “дуруст нест, ки аз як ҳукумати хориҷӣ таҳқиқи ҷиноии як шаҳрванди амрикоӣ тақозо шавад ва ман нигаронам, ки ин ҳама ба барномаи кӯмакҳои Амрико ба Украина таъсиргузор мешавад”.

XS
SM
MD
LG