Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи саркӯби эътирозгарон дар Ироқ 17 нафар кушта шуд


28 октябр, Карбало
28 октябр, Карбало

Манбаъҳои тиббиву амниятӣ рӯзи 29 октябр гуфтанд, дар паи ин ки нирӯҳои амниятии ироқӣ шабонгоҳ ба ҷониби ширкатдорони намоиши эътирозӣ дар шаҳри муқаддаси шиаён Карбало оташ кушоданд, 14 нафар кушта ва 865 нафар маҷрӯҳ шуданд. Каме дертар се эътирозгар аз ҷароҳатҳои бардошта даргузаштанд.

Эътирозгарон ҳукумати нахуствизири Ироқ Одил Абдул Маҳдиро дар фасод муттаҳам мекунанд. Аз замони шурӯи эътирозҳо дар оғози моҳи октябр то кунун дасти кам 250 нафар кушта шудааст. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ соли 2017 саркӯб шуд ва ин эътирозҳо хунинтарин дар таърихи як соли ахири ин кишвар арзёбӣ мешавад. Маҳдӣ як сол пеш сари қудрат омадааст.

Рӯҳонии шиамазҳаб Муқтадо Садр, ки як гурӯҳи калони аъзои парлумонро пуштибонӣ мекунад ва ба сари қудрат омадани Маҳдиро пуштибонӣ кардааст, рӯзи 28 октябр ба баргузории интихоботи зудрас даъват кард. Ин дар ҳолест, ки дар Бағдод қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG