Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз кушта шудани сухангӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ"


Нерӯҳои Демократии Сурия ба раҳбарии курдҳо рӯзи 28-уми октябр гуфт, дар як амалиёти муштарак бо сарбозони амрикоӣ Абуҳасан Ал-Муҳоҷир, сухангӯи ДОИШ-ро куштаанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 27-уми октябр хабар дод, ки раҳбари ин гурӯҳ Абубакри Бағдодӣ дар амалиёте дар Сурия кушта шуд.

Мазлум Абдӣ, фармондеҳи Нерӯҳои Демократии Сурия дар "Твиттер" навишт, ки Абуҳасан Ал-Муҳоҷирро дар як рустое дар наздикии шаҳри Ҷароблус, начандон дур аз марзи Туркия ҳадаф гирифтанд. Баъди ин Мустафо Балӣ, сухангӯи Нерӯҳои Демократии Сурия дар "Твиттер" аз қатли Абуҳасан Ал-Муҳоҷир хабар дод.

Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, хабари марги сухангӯи ДОИШ-ро тасдиқ кард ва гуфт, ӯ дар байни 5 узви ДОИШ буд, ки дар амалиёти ба раҳбарии Амрико кушта шуд.

XS
SM
MD
LG