Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи ИМА аз музокироти байнулафғонӣ дар Чин


Вазорати умури хориҷии Амрико аз пешниҳоди Чин барои мизбонии даври ояндаи музокироти байнулафғонӣ истиқбол кард, ки ба гуфтаи Толибон рӯзҳои 29-ум ва 30-уми октябр дар Пекин баргузор мешавад. Хушнудии Амрико дар баёнияи муштараки ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида, Чину Русия ва Покистон зикр шудааст, ки онро намояндагони ин кишварҳо рӯзи 28-уми октябр баъди гуфтӯгуҳои якҷоя дар Маскав нашр карданд. Дар нишаст Амрикоро Залмай Халилзод, фиристодаи хоси ИМА барои Афғонистон намояндагӣ мекард.

Мулоқоти тарафҳо рӯзҳои 24-ум ва 25-уми октябр сурат гирифт ва чаҳор кишвар дигарбора таъкид карданд, ки "тарафдори созиши фарогир ва пойдори сулҳ" дар Афғонистон ҳастанд. Дар баёния аз пешниҳоди Чин барои мизбонии "музокироти ояндаи байнулафғонӣ дар Пекин" истиқбол шудааст. Дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар музокирот чеҳраҳои сиёсии гуногун ба шумули намояндагони ҳукумати Афғонистон, дигар раҳбарон ва Толибон ширкат мекунанд.

Охирин музокироти байнулафғонӣ моҳи июл дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар доир шуд. Залмай Халилзод ба Исломобод рафтааст ва рӯзи 29-уми октябр бо Имрон Хон, нахуствазири Покистон ва фармондеҳи артиши ин кишвар гуфтугу мекунад. Бовар меравад, ки қароргоҳи асосии Толибон дар Покистон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG