Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, дар вилояти Ҷалолободи ин кишвар як сокини маҳаллиро боздошт кард, ки дар размоишгоҳи созмони террористии байналмилалӣ омодагии ҷангӣ дидааст.
Ба иттилои кумита, гумонбарро гӯиё раҳбаронаш барои анҷоми амали харобкорона ба Қирғизистон фиристода буданд.
Ин шаҳрванди Қирғизистон, ки соли таваллудаш 1994 аст, аз соли 2016 дар асоси банди "Зархаридӣ" ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор дошт.
Кумитаи амнияти Қирғизистон моҳи апрел низ гуфта буд, ҷангиеро боздошт кард, ки ба "ҷиҳод" омодагӣ медид. Моҳи майи соли равон ҳам ду ҷангҷӯ ҳангоми ворид шудан ба Қирғизистон дастгир гаштанд.