Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кадом даста соҳиби медалҳои биринҷӣ мешавад: "Регар" ё ССКА "Помир"?


Рӯзи якшанбеи 27-уми октябр бозиҳои даври бистуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни ластаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии марказии даври бистум «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар майдони худ бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи имсола, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Дар ду бозии дигари даври бистуми қаҳрамонии Тоҷикистон ССКА “Помир” дар меҳмонӣ “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 2:1 ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд.

Як бозии даври бистум миёни дастаҳои “Кӯктош”-и Рӯдакӣ ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

То охири мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ як давр мондааст. Бозиҳои даври 21-ум рӯзи душанбеи 4-уми ноябр баргузор мешаванд.

Дар ду бозии даври охирин миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» ва ССКА «Помир» – «Истиқлол» тақдири медалҳои биринҷӣ ҳал хоҳад шуд.

“Регар-ТадАЗ”-ро, ки бо 29 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи севум қарор дорад ва муддаии аслии медалҳои биринҷист, дар бозӣ муқобили “Хуҷанд” ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекунад. Довталаби дигари ҷоизаи биринҷӣ ССКА “Помир” мебошад, ки бо 26 имтиёз ҷойи ҷаҳорумро касб намудааст.

“Истиқлол”, ки пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфта, барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ бо 51 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. “Хуҷанд” бо 36 имтиёз ҷойи дувумро ишғол кардааст.

Дастаи «Панҷшер», ки бо 11 имтиёз дар зинаи охирин – 8-ум – ҷойгир шудааст, сарфи назар аз натоиҷи бозии охиринаш бо “Кӯктош” аз лигаи олӣ ихроҷ мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Даври 20-ум

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:1

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 4 (1:0). Алишер Ҷалилов, 54 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+1 – ба дарвозаи худ (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

27 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 700 тамошобин.

«Хатлон» – ССКА «Помир» – 1:2

Голҳо: Худойдод Узоқов, 2 (1:0). Мухтор Ортиқов, 9 (1:1). Билол Сулаймонов, 74 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Комрони Мирзохон (ССКА «Помир»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

27 октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 5000 тамошобин.

«Истаравшан» – «Панҷшер» – 3:0

Голҳо: Мбеке Диеудонни, 40 (1:0). Тулқинҷон Умаров, 83 (2:0). Абдураҳмон Қурбонов, 86 (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳоҷибой Зиёев («Истаравшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

27 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Фаррух Абдураҳмонов («Кӯктош»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

27 октябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

20

16

3

1

58-17

51

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

20

11

3

6

37-20

36

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

20

8

5

7

31-30

29

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

20

7

5

8

21-25

26

5

«Истаравшан» (Истаравшан)

20

7

3

10

23-32

24

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

20

6

6

8

26-33

24

7

«Хатлон» (Бохтар)

20

6

5

9

26-28

23

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

20

3

2

15

15-52

11

Голзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 15 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 11 тӯб, Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ») – 10 тӯб, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Ҷоми Тоҷикистон

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

1-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Ҳулбук» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон

Даври 21-ум

4-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:30

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Панҷшер» – «Кӯктош»

«Хуҷанд» – «Истаравшан»

ССКА «Помир» – «Истиқлол»

Ҷоми Тоҷикистон

Финал

24-уми ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00

XS
SM
MD
LG