Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахабҳои Узбекистону Тоҷикистон ва Эрону Қирғизистон ба Туркманистон мераванд


Мунтахабҳои Узбекистону Тоҷикистон ва Эрону Қирғизистон ба Туркманистон мераванд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дар даври охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ аз мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 3:9 мағлуб шуд, бо 6 имтиёз дар гурӯҳи "А" мақоми дуюмро касб намуд ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифт.

Бозии даври севум ва охирин миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистону Узбекистон дар гурӯҳи “А” шоми ҷумъаи 25-уми октябр дар шаҳри Урумияи Эрон баргузор шуд. Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Хоҷаев ва як голро Раҳмоналӣ Шарипов заданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ду бозии пешин дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Урумия мунтахаби Непалро бо ҳисоби 6-0 ва мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дода буд.

Дар бозии дигари даври охирин дар гурӯҳи “А” дар Урумия тими миллии футзали Афғонистон мунтахаби Непалро бо ҳисоби 6:2 шикаст дод.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Афғонистон бо 3 имтиёз мақоми севумро азони худ кард. Мунтахаби Непал бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Ба ин тартиб, аз гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 24-уми феврал то 10-уми марти соли оянда дар Ишқободи Туркманистон доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар як нишасти хабарӣ дар Эрон гуфтааст, “аз он хушҳолем, ки вазифаамонро иҷро намуда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифтем. Ҳамакнун ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 омодагӣ мебинем.”

Ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Туркманистон ва Эрон шомил буданд. Дар ин гурӯҳ мунтахаби Эрон, ки дар ҳарду бозиаш бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 4:0 ва бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 8:3 пирӯз шуд, бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб намуд.

Дастаи мунтахаби Қирғизистон, ки мунтахаби Туркманистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард, бо 3 имтиёз ҷойи дувумро гирифт. Мунтахаби Туркманистон бидуни имтиёз ҷойи охиринро ишғол кард.

Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Эрон ва Қирғизистон ба даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳхат гирифтанд. Инчунин мунтахаби Туркманистон ба ҳайси мизбон дар марҳилаи ниҳоӣ, ки ҳамагӣ 16 дастаи мунтахаби қораи Осиё ширкат меварзад, мустақиман роҳ ёфтааст.

Дар бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2020 дар Урумияи Эрон ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 футболбоз – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохил буд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Сармураббӣ – Деян Дедович (Сербия).

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал

Минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Непал – 6:0

Голҳо: Рустам Ҳамидов, 6 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 15 (2:0). Умед Қузиев, 17 (3:0). Парвиз Раҳматов, 21 (4:0). Рустам Ҳамидов, 24 (5:0). Файзалӣ Сардоров, 24 (6:0).

Узбекистон – Афғонистон – 6:2

Даври 2-юм

Афғонистон – Тоҷикистон – 2:5

Голҳо: Парвиз Раҳматов, 7 (0:1). Мусавӣ, 12 (1:1). Фаёзӣ, 15 (2:1). Рустам Ҳамидов, 24 (2:2). Дилшод Саломов, 27 (2:3). Шавкат Ҳалимов, 30 (2:4). Шавкат Ҳалимов, 39 (2:5).

Непал – Узбекистон – 1:4

Даври 3-юм

Непал – Афғонистон – 2:6

Узбекистон – Тоҷикистон – 9:3

Голҳои мунтахаби Тоҷикистон: Баҳодур Хоҷаев (ду гол), Раҳмоналӣ Шарипов.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

3

3

0

0

19-6

9

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

14-11

6

3

Афғонистон

3

1

0

2

10-13

3

4

Непал

3

0

0

3

3-16

0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

12-3

6

2

Қирғизистон

2

1

0

1

6-10

3

3

Туркманистон

2

0

0

2

2-7

0

XS
SM
MD
LG