Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври сездаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, пешакӣ медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Бозии мавқуфгузоштаи даври сездаҳуми қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 24-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 6000 тамошобин доир гардид.

Ҳарчор гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Голҳоро дар ҳайати «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев (аз пеналтӣ), Дилшод Бозоров ва Фирдавс Чақалов ба самар расониданд. Голи «Истаравшан»-ро Бахтовар Зокиров зад.

То охири мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ду давр мондааст. Бозиҳои даври бистум рӯзи якшанбеи 27-уми октябр ва бозиҳои даври охирин 4-уми ноябр баргузор мешаванд.

“Истиқлол”, ки пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфта, барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, феълан дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ бо 48 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

“Хуҷанд” бо 36 имтиёз ҷойи дувумро касб намудааст. “Регар-ТадАЗ” бо 28 имтиёз дар ҷойи севум аст. Ба футболбозони шаҳри Турсунзода барои гирифтани медалҳои биринҷӣ дар ду бозии боқимонда ду имтиёз гирифтан кофист.

Дастаи «Панҷшер», ки бо 11 имтиёз дар зинаи охирин – 8-ум – ҷойгир шудааст, сарфи назар аз натоиҷи ду бозии охиринаш аз лигаи олӣ ихроҷ мешавад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 13-ум

«Хуҷанд» – «Истаравшан» – 3:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 48 – аз пеналтӣ (1:0). Дилшод Бозоров, 50 (2:0). Фирдавс Чақалов, 66 (3:0). Бахтовар Зокиров, 90+4 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

24 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 6000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

19

15

3

1

56-16

48

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

11

3

5

36-18

36

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

19

8

4

7

31-30

28

4

«Хатлон» (Бохтар)

19

6

5

8

25-26

23

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

19

6

5

8

19-24

23

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

19

6

5

8

26-33

23

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

19

6

3

10

20-32

21

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

19

3

2

14

15-49

11

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 15 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ») – 10- тӯбӣ, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон

Даври 20-ум

27 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Хатлон» – ССКА «Помир»

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

«Истаравшан» – «Панҷшер»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

Ҷоми Тоҷикистон

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

1 ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00

«Ҳулбук» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон

Даври 21-ум

4 ноябр (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:30

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Панҷшер» – «Кӯктош»

«Хуҷанд» – «Истаравшан»

ССКА «Помир» – «Истиқлол»

Ҷоми Тоҷикистон

Финал

24 ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

XS
SM
MD
LG