Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Узбекистон дар финали қаҳрамонии футзали Осиё-2020


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки дар бозии дувумаш ҳам дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.

Бозии даври дувум дар гурӯҳи “А” рӯзи панҷшанбеи 24-уми октябр дар шаҳри Урумияи Эрон баргузор шуд. Шавкат Ҳалимов ду гол, Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов ва Дилшод Саломов якголӣ заданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби футзали Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 рӯзи 23-юми октябр дар Урумияи Эрон мунтахаби Непалро бо ҳисоби 6-0 шикаст дода буд.

Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон дар даври охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" 25-уми октябр бо мунтахаби Узбекистон рақобат мекунад.

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “А” шоми панҷшанбе мунтахаби Узбекистон мунтахаби Непалро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

Баъди натиҷагирии даври дувум дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва мунтахаби Узбекистон дар ҷойи дувум қарор доранд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 24-уми феврал то 10-уми марти соли оянда дар Ишқободи Туркманистон доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

Сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар як нишасти хабарӣ дар Эрон гуфтааст, “аз он хушҳолем, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, вазифаамонро иҷро намудем. Дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ муқобили мунтахаби Узбекистон мекӯшем, ки натиҷаи мусбат ба даст биёрем ва дар гурӯҳамон ғолиб шавем.”

Ба гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Туркманистон ва Эрон шомиланд. Дар ин гурӯҳ дар ҳамин ҳол мунтахаби Эрон, ки дар даври аввал 23-юми октябр мунтахаби Туркманистонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, бо се имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Ба ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё 14 футболбоз – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохил аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Сармураббӣ – Деян Дедович (Сербия).

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал

Минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Непал – 6:0

Голҳо: Рустам Ҳамидов, 6 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 15 (2:0). Умед Қузиев, 17 (3:0). Парвиз Раҳматов, 21 (4:0). Рустам Ҳамидов, 24 (5:0). Файзалӣ Сардоров, 24 (6:0).

Узбекистон – Афғонистон – 6:2

Даври 2-юм

Афғонистон – Тоҷикистон – 2:5

Голҳо: Парвиз Раҳматов, 7 (0:1). Мусавӣ, 12 (1:1). Фаёзӣ, 15 (2:1). Рустам Ҳамидов, 24 (2:2). Дилшод Саломов, 27 (2:3). Шавкат Ҳалимов, 30 (2:4). Шавкат Ҳалимов, 39 (2:5).

Непал – Узбекистон – 1:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

11-2

6

2

Узбекистон

2

2

0

0

10-3

6

3

Афғонистон

2

0

0

2

4-11

0

4

Непал

2

0

0

2

1-10

0

Даври 3-юм

25 октябр (ҷумъа)

14:30 – Непал – Афғонистон

17:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG