Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иродаи қавии Оишамоҳ барои донишандӯзӣ. ВИДЕО


Нигора Одинаева ҳамарӯза дасти хоҳари калонии худ Оишамоҳро гирифта, то мактаб мебарад. Оишамоҳ, ки аз бемории фалаҷ ранҷ мебарад ва дуруст роҳ рафтан наметавонад, аз Нигора ду сол бузургтар аст. Ахиран дар пайи исрорҳои ба такрори Оишамоҳ, волидайн ногузир ӯро ҳамроҳи хоҳараш ба мактаб бурданд.

Наздикони Оишамоҳ мегӯяд, ки ӯ ҳар сентябр хоҳони рафтан ба мактаб мешуд, аммо бинобар дурии роҳ ва маъюбӣ, аз бурдани ӯ ба мактаб худдорӣ мекарданд. Ба гуфтаи Фарида Одинаева, аммаи Оишамоҳ, бародарзодааш 11 сол дорад, вале бо кӯдакони ҳаштсола таҳсил мекунад. Фарида Одинаева мегӯяд, ки мактаб аз хонаи онҳо дар фосилаи 4-5 километр қарор дорад ва аз ин рӯ, Оишамоҳ дар ҳафта ба таври давомдор ба дарсҳо ҳозир шуда наметавонад.

"Ҳар сентябр аз мо суол мекард, ки кай либосам мехаред, то мактаб равам. Мехост мактабхон бошад, аммо бинобар он, ки то мактаб панҷ километр роҳ аст ва худаш танҳо рафта наметавонад, ӯро ба мактаб бурда натавонистем. Хоҳараш мактаб рафт ва ҳамроҳаш Оишамоҳро низ бурдем. Ҳоло хоҳараш дастонашро гирифта, то шоҳроҳ мебарад. Агар мошине холӣ ояд, савораш мекунанд, агар холӣ наояд, пиёда мактаб мераванд",-гуфт Фарида Одинаева.

Оишамоҳ низ дар аз дурии мактаб шикоят мекунад ва мегӯяд, ки ҳар рӯз ба мактаб рафта наметавонад ва бо кӯмаки хоҳараш дар хона дарсҳояшро омода мекунад. Оишамоҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз роҳ рафтан бо нӯги пой, пойҳояш обила ва хуншор мешавад ва то чанд рӯз боз аз пайи табобати пояш мешавад. Ӯ мегӯяд, кӯмаки хоҳар ва ҳамсинфонаш аст, ки ӯ то мактаб меравад ва агар онҳо набошад, ӯ низ аз таҳсил маҳрум мешавад.

"Пояҳоям обила мекунанд, хун меоянд, вале ман хондан мехоҳам, то калон шуда духтур шавам ва мисли худам одамони беморро табобат кунам",--гуфт Ошишамоҳ.

Хоҳар ва ҳамсинфонаш мегӯяд, ки гоҳе агар Оишамоҳ пиёда ба мактаб ва аз мактаб ба хона оянд, аз арақ тар ва пойҳояш хуншор мешавад. Нигора, хоҳари Оишамоҳ мегӯяд, ки агар ӯ набошад, хоҳараш ба мактаб рафта наметавонад.

Оишамоҳ волидонашро маҷбур кард, ки ӯро ба мактаб баранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Омӯзгорони мактаби №39-и ҷамоати Балхобӣ ноҳияи Мӯъминобод мегӯянд, ки ин духтар аз дигар шогирдон фарқ мекунад ва дар хондану навиштан истеъдоди фавқулодда дорад. Ҳуснбону Баротова, роҳбари синфи Оишамоҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шогирдаш аксари вақт бинобар маъюбӣ дар як ҳафта се рӯз ба дарс меояд.

Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Баротова, Оишамоҳ дафтарашро ба дасти хоҳараш равон мекунад ва вазифаашро гирифта, дарсҳои гузаштаро омода мекунад ва кӯшиш мекунад, ки аз дигарон ақиб намонад.

"Роҳи дароз меояд, худаш маъюб аст, бештар бемор мешавад, аммо доим дарсҳояшро бо кӯмаки хоҳараш омода мекунад. Дар дарс омада мешинад ва агар берун рафтан хоҳад, ҳамсинфонаш дасташро мегиранд ва ӯро ҳамроҳи худ мебаранд. Аммо саводаш аз дигарон хеле баланд аст",-гуфт мусоҳиби мо.

Наздикон ва омӯзгори Оишмоҳ мегӯяд, ки бо вуҷуди маъюбӣ, ӯ талош мекунад ба дарсҳо ҳозир шаванд. Худи Оишамоҳ низ мегӯяд, ки ба ин вазъияти мушкил одат кардааст ва ин ҳама ӯро водор кардааст, ки мактаб хонад, табиб шавад ва беморони мисли худро муолиҷа намояд.

XS
SM
MD
LG