Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба пойгаи мотосиклронӣ бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 27-уми октябр доир мегардад. Пойга дар маҳаллаи Меҳрободи ҷамоати Испечаки ноҳияи Рӯдакӣ соати 9-и субҳ оғоз меёбад. Ин мусобиқаро Кумитаи Марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон баргузор менамояд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз хадамоти матбуоти Кумитаи Марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр хабар доданд.
Ба иттилои ин манбаъ, дар пойгаи мотосиклронӣ дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Леваканд, Ваҳдат, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа, инчунин мотосиклронҳо аз Узбекистон ширкат намоянд.
Пойга барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 сантиметри мукааб сурат гирифта, варзишгарон бо мотосиклҳои замонавии истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Ҳонда, Кавасаки, Судзуки ва Ямаҳа рақобат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар машқгоҳҳои Ташкилоти мададгори мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ҷойгиранд, мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи мотосиклронӣ доир карда мешаванд ва сол то сол теъдоди дастаҳои ширкаткунанда афзоиш меёбад.
Fолибон аз рӯи ҳисоби дастаӣ ва инфиродӣ бо ҷом, медалу диплом ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Худо куват дихад пирузи навбати таманно дорем!!!
Мухтарам корбарони РО, хохишмандем аз натичаи ин гузоришатон хабар медодед. Сохибкорони бозор мунтазири натича хастанд, ин казия халли худро ёфт ё ин ки касе гурбаи ин раисро ''пишт'' гуфта наметавонад???
Ҳақ омад ботил азбай меравад ҳаройина ботил раванда аст
Бароед русхо бароед ба майдон даххо миллион шавед
Любой вазир, чи хел ердам карда метавонад, барои ягон чизро сохтан .......?????????