Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс сари як чоҳ. Сокинон об мехоҳанд, соҳибкор пул. ВИДЕО


Баҳс сари оби як чоҳ миёни аҳолии деҳаи навбунёде дар ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод ва як соҳибкор, аз ду моҳ ба ин тараф идома дорад.

Соҳибкор Нуралӣ Ҳасанов иллати қатъи об ба сокинонро напардохтани пули барқ аз сӯи онҳо мегӯяд. Вале сокинон ин гуфтаҳои Ҳасановро рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо пули нерӯи барқро пурра пардохт кардаанд, аммо соҳибкор обро танҳо ба хотири сабз шудани боғаш, қатъ кардааст.

Эраҷ Иброҳимов, раиси маҳаллаи навбунёди ҷамоати Балхобии ноҳияи Мӯъминобод рӯзи 21-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соҳибкор Нуралӣ Ҳасанов истироҳатгоҳи Кооперативи истеҳсолии "Тебалай"-ро харидорӣ карда, чоҳи амудии назди истироҳатгоҳро аз худ намудааст.

Иброҳимов афзуд, аз ду моҳ ба ин тараф сокинон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва то дувуним километр роҳ рафта, барои хӯрдан об меоранд. Ӯ мегӯяд, аз идораи ҷамоат сар карда, то ҳукумати ноҳия ва дастгоҳи президент муроҷиат кардаанд, аммо натиҷае надод.

"Мегӯяд, ки пули қувваи барқро насупурдаед. Мо пули барқро бурда супоридем, аммо соҳибкор, ки бозори "Лола" дар дасташ ҳаст ва пул дорад, сухани одамонро гӯш намекунад ва обро намехоҳад ба сокинон диҳад. Сокинон чанд маротиб ба ҷамоат рафтанд, ба ҳукумати ноҳия ва дастгоҳи президент муроҷиат кардем, аммо натиҷа надод ва соҳибкор низ намехоҳад, ки ба сокинон об диҳад",-гуфт мусоҳиби мо.

Деҳаи навбунёд дар паҳлӯи шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ ҷойгир аст. Сокинон мегӯянд, ки бо ин роҳ ҳамарӯза сайёҳон ва дигар мусофирон убур мекунад, аммо ҳолатҳое мешавад, ки дар ин маҳал барои нӯшидан об пайдо намекунанд.

Баҳси сокинон ва як соҳибкор барои оби як чоҳ дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Нуралӣ Ҳасанов, роҳбари бозори хусусии "Лола"-и Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳи январи имсол истироҳатгоҳи Кооперативи истеҳсолии "Тебалай"-ро харидорӣ намуд, ки чоҳ ва тарансформатори барқ низ ба он шомил мешавад. Ҳасанов афзуд, бинобар он, ки сокинон пули қувваи барқро напардохтанд, ӯ маҷбур шуд, ки обро ба рӯи сокинон қатъ кунад.

"Барои ман кор кардани чоҳ хуб аст, ки маҳкам намешавад. Нассоси сокинон сӯхт, ман дар даҳ ҳазор сомонӣ мотор харида, насб кардам, аммо сокинон пул додан намехоҳад. Ман рафта, пули барқро супоридам ва аз ин рӯ, обро қатъ кардам. Пули барқро супоранд, ман обро ба сокинон медиҳад ва ҳеҷ ҷои баҳс нест",-гуфт мусоҳиби мо.

Дар ҳамин ҳол, масъулини ҷамоати Балхобӣ ба сокинон гуфтаанд, ки чоҳ ба Нуралӣ Ҳасанов тааллуқ дорад. Масъулини ҷамоат дар мактубе навиштаанд, ки "Шумо истифодабарандагони ин чоҳи амудӣ ба шумор меравед ва метавонед дар асоси шартномаи тарафайн оби ин чоҳро истифода баред".

Вале сокинон баръакси масъулони ҷамоат ва Нуралӣ Ҳасанов мегӯянд, ки онҳо пули барқро пардохт карда, дар даст расид доранд, аммо соҳибкор мехоҳад, ки онҳоро бо ин роҳ маҷбур дорад, ки пули обро низ пардохт кунанд.

Дар ҳукумати ноҳияи Мӯъмибод дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чоҳҳои амудӣ ба захираҳои табиӣ дохил шуда ва фурӯшӣ он ба як нафар қатъиян манъ аст ва касе ҳуқуқӣ хариду фурӯши чунин чоҳҳоро надорад. Сайвалӣ Амиров, муовини раиси ноҳияи Мӯъминобод гуфт, касе ҳуқуқ надорад, ки ин чоҳи амудиро аз худ намояд.

Чоҳи амудие, ки ҳоло сокинон аз оби он маҳрум шудаанд, тибқи маълумотҳо соли 1981 сохта шуда, дар даруни сойи "Тебалай" ҷойгир аст.

Шарҳҳоро бинед (13)

XS
SM
MD
LG