Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳи сангин кардани ҷазои қаллобон зид баромад


Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳи тағйиру иловаҳо ба моддаи "қаллобӣ"-и Кодекси ҷиноӣ, ки аз тарафи вакилони порлумон пешниҳод шуда буд, мухолифат кардааст. Ин тарҳ сангинтар кардани ҷазо барои қаллобиро дар назар дошт.

Тарҳи ислоҳи қонун аз тарафи вакилони порлумон моҳи июни имсол омода шуда, барои гирифтани хулоса ба ҳукумат фиристода шудааст.

Пешниҳоди порлумон аз он иборат буд, ки ҷазо дар шакли ҷарима аз моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ бардошта шуда, ба ҷойи он ҳабс таъйин гардад. Ҳоло барои қаллобӣ аз 13 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар хулосаи худ, ки нусхаи он рӯзи 21-уми октябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, пешниҳоди вакилонро дар бораи ҳабси қаллобон рад кардааст. Дар хулосаи ҳукумат гуфта мешавад:

  • "Ҳангоми хориҷ намудани ҷазо дар намуди ҷарима аз моддаи 247-и Кодекси мазкур аз як тараф ба барқароршавии зарари аз ҷиноят расондашуда таъсири манфии худро гузошта, аз тарафи дигар он барои дар муассисаҳои ислоҳӣ нигоҳ доштани шахсони бо ин қабил ҷиноятҳо маҳкумгардида хароҷоти иловагиро талаб менамояд. Дар як вақт пешниҳоди мазкур хилофи принсипи инсондӯстӣ буда, баръакс, ҷазоро барои содир намудани ҷиноят вазнин менамояд."

Бино ба қоидаи роиҷ ҳамаи ташаббусҳои марбут ба тағйиру иловаҳо ба қонун ба ҳукумати Тоҷикистон фиристода мешавад.

Ҳолатҳои рад шудани тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун аз сӯи ҳукумат зиёданд, аммо вақте ҳукумат тарҳи тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ кард, аксар вақт порлумон онро пурра ҷонибдорӣ ва тасвиб мекунад.

Бархе аз коршиносон бо посухи ахири ҳукумат чандон розӣ нестанд, чун бовар доранд, "эҳсоси беҷазоӣ мавридҳои қаллобиро дар кишвар бештар хоҳад кард".

Мақомот мегӯянд, Кодекси ҷиноӣ дар шакли нав "бояд хислати башардӯстона гирад ва бисёре аз кирдорҳое, ки ҳоло барои он одамон пушти панҷара фиристода мешаванд, бо ҷарима ва ё ҷазоҳои нисбатан сабук иваз карда шаванд". Ин нукта дар “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ҳам зикр шудааст.

Ҳукумат дар ҳоле ба гуманизатсия ё башардӯстона шудани қонуни ҷиноӣ иқдом ниҳод, ки тағйирҳои чанд соли охир ба Кодекси ҷиноӣ танҳо ба сӯи сахттар кардани ҷазо буданд.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон соли 1998 қабул шуда, аз 405 модда иборат аст. То он замон дар Тоҷикистон Кодекси ҷиноии Иттиҳоди шӯравӣ амал мекард.

Дар гузашта чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла бахши ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон барои гуманизатсияи қонуни ҷиноӣ даъват карда буданд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG