Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Марокаш


Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни гуштигирони то 21-сола дар Марокаш шоми якшанбеи 20-уми октябр ба поён расид.

Ба иттилои торнамои расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни варзишгарони солҳои таваллудашон 1999 - 2001 дар Марокаш дар рақобатҳои инфиродӣ 513 варзишгар (293 мард ва 220 зан) аз 81 кишвар ширкат дошт.

Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон) сурат гирифт, ҳамчунин рақобатҳои дастаӣ доир гардид.

Аз рӯи натиҷагирии рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд.

Мунтахаби Гурҷистон бо касби 5 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Русия бо касби 4 медал (1 тилло ва 3 нуқра) ҷойи севумро соҳиб шуданд. Тоҷикистон бо касби як медали тилло дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков, гуштигири шинохтаи тоҷик, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Марокаш дар вазни то 73 кило ғолиб шуд, бо медали тилло сарфароз гашт. Зимнан, ин нахустин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд. Ба ҷуз аз Сомон Маҳмадбеков, панҷ нафари дигар – Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Қоим Шукронов (вазни то 73 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 90 кг) - аз медалҳо бенасиб монданд.

Ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медалу диплом бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд: ҷойи аввал - 2500 доллари ИМА, ҷойи дувум – 1500 доллар, ҷойҳои севум – 850-долларӣ.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни варзишгарони синашон то 21-сола (солҳои таваллуди 1999-2001)

Писарон

Вазни то 60 кг - 1. СИМЕОНИДИС Константин (Русия) 2. ЮСУФОВ Аҳмад (Озарбойҷон) 3. СУЕМАТСУ Кен (Ҷопон) 3. ЮЛДУЗ Солеҳ (Туркия).

Вазни то 66 кг - 1. ЛИМА Виллиам (Бразилия) 2. ТАКЕОКА Такеши (Ҷопон) 3. АЛИЕВ Иброҳим (Озарбойҷон) 3. МАРЧЕЛИНО Михаэл (Бразилия).

Вазни то 73 кг - 1. МАҲМАДБЕКОВ Сомон (Тоҷикистон) 2. ЕЛБАКИЕВ Георгий (Русия) 3. МЕЛЛА Эдоардо (Италия) 3. СТЕРПУ Виктор (Молдова).

Вазни то 81 кг - 1. АХАЛКАТСИ Владимир (Гурҷистон) 2. КАРАПЕТЯН Давид (Русия) 3. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон) 3. ШМИДТ Ҷуилерм (Бразилия).

Вазни то 90 кг - 1. БЕКАУРИ Лаша (Гурҷистон) 2. ГОЗ Роланд (Маҷористон) 3. МАИ Луиз (Олмон) 3. ПИРЕЛЛИ Геннаро (Италия).

Вазни то 100 кг - 1. КАМИГАКИ Казунари (Ҷопон) 2. СУЛАМАНИДЗЕ Иля (Гурҷистон) 3. СИСМАНЛАР Мерт (Туркия) 3. ВЕГ Зсомбор (Маҷористон).

Вазни + 100 кг - 1. МАТСУМУРА Созуке (Ҷопон) 2. АБРАМОВ Ерик (Олмон) 3. КИМ Минҷонг (Кореяи Ҷанубӣ) 3. СИПОЖ Ричард (Маҷористон).

Духтарон

Вазни то 48 кг - 1. КОГА Вакана (Ҷопон) 2. БОУКЛИ Ширине (Фаронса) 3. ҶОН Су Сонг (Кореяи Шимолӣ) 3. СТОЯДИНОВ Андреа (Сербия).

Вазни то 52 кг - 1. ЛХАГВАСУРЕН Сосорбарам (Муғулистон) 2. ХСУ Лин Хсуан (Тайбейи Чин) 3. КАВАДА Аюми (Ҷопон) 3. ПИМЕНТА Ларисса (Бразилия).

Вазни то 57 кг - 1. ЛИПАРТАЛИАНИ Этери (Гурҷистон) 2. ҲАКАМАТА Канако (Ҷопон) 3. КОРНЕЛИСС Пиеуни (Нидерланд)
3. КИМ Ҷису (Кореяи Ҷанубӣ).

Вазни то 63 кг - 1. ОЗБАС Жофи (Маҷористон) 2. ОБРАДОВИЧ Аня (Сербия) 3. ФАЗЛИУ Лаура (Косово) 3. УРА Асуми (Ҷопон).

Вазни то 70 кг - 1. АСАХИ Мами (Ҷопон) 2. ТАЙМАЗОВА Мадина (Русия) 3. ФЕРЕОЛ Морган (Фаронса) 3. ГАЛАНДИ Мариен (Олмон).

Вазни то 78 кг - 1. ВАДА Риноко (Ҷопон) 2. ВАН ҲАРСЕЛААР Рине (Нидерланд) 3. ФАБЕР Кристина (Олмон) 3. КАМПАИО Патрисия (Португалия).

Вазни + 78 кг - 1. ТАКАҲАШИ Рури (Ҷопон) 2. КИМ Ҳаюн (Кореяи Ҷанубӣ) 3. ДУРАНД Таҳина (Фаронса) 3. КАМПС Марит (Нидерланд).

Дар мусобиқаи дастаӣ ҳамагӣ мунтахабҳои 12 кишвар ширкат кард, аммо Тоҷикистон иштирок надошт.

Мусобиқаи дастаӣ

1. Ҷопон
2. Русия
3. Гурҷистон
3. Фаронса

Ҳамзамон дар Марокаш дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон 1168 варзишгар (982 мард ва 186 зан) аз 51 кишвар иштирок намуд. Тоҷикистонро се нафар – Мустафо Ҳасанов (М1-73 кг), Аҳрор Холиқов (М3-73 кг) ва Мирзо Абдуллоев (М4-100 кг) намояндагӣ карданд.

Мустафо Ҳасанов баъди се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Аргентина, Фаронса ва Бразилия ба финал баромад. Вале ӯ қувваозмоии ниҳоиро ба Маммад Маммадови озарбойҷонӣ бохт ва дар натиҷа мақоми дувумро касб намуда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Аҳрор Холиқов дар даври аввал аз Рафаэл Маидониси фаронсавӣ ва ва Мирзо Абдуллоев аз Иван Ҷоменез Лопези испаниягӣ шикаст хӯрданд.

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG