Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали қайиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қаҳрамонии Осиё


Шаҳриёр Даминов.
Шаҳриёр Даминов.

Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар қаҳрамонии Осиё оид ба қайиқронӣ дар каноэи якнафарӣ миёни мардон бо ду медал - як нуқра ва як биринҷӣ - мукофотонида шуд.

Шаҳриёр ба чунин дастовард дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва бузургсолон, ки дар шаҳри Шаосинги Чин ҷараён дорад, мушарраф гардид.

Ӯ нахуст рӯзи 17-уми октябр дар қайиқронӣ дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр бо натиҷаи 18 дақиқаю 23,70 сония ҷойи дувумро соҳиб шуд ва медали нуқра гирифт. Дар ин масофа 19 варзишгар аз 12 кишвар иштирок дошт. Натиҷаи нишондодаи Шаҳриёр дар сатҳи ҷаҳон ҷойи 15-ум аст.

Медали тиллои қаҳрамонии Осиёро Зиҳанг Ванг аз Чин бо натиҷаи 17:12,47 ба даст овард. Медали биринҷӣ насиби Иссеи Такенака аз Ҷопон бо натиҷаи 18:45,78 гардид.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон Диего Ромеро аз Испания (16:17,54) ғолиб шуд. Ҳамватани ӯ Мануэл Кампос (16:18,86) ҷойи дувумро гирифт. Якуб Березина аз Чех бо натиҷаи 16:24.15 ҷойи севумро азони худ кард.

Шаҳриёр Даминов рӯзи 19-уми октябр дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 25,90 километр бо натиҷаи 2:18:47.86 соҳиби медали биринҷии қаҳрамонии Осиё гардид. Ӯ бо ин натиҷа дар сабқати ҷаҳонӣ миёни 20 нафар аз 12 кишвар ҷойи 11-умро азони худ кард.

Дар миёни варзишгарони Осиё медали тилло бо натиҷаи 2:14:45.36 насиби Йонгҷуанг Суй аз Чин гардид. Медали нуқраро Такаюки Кокаҷи аз Ҷопон бо натиҷаи 2:15:50.40 соҳиб шуд.

Медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳонро Мануэл Кампос аз Испания (2:05:31.65) ба даст овард. Якуб Брезина (2:05:42.04) аз Ҷумҳурии Чех медали нуқра ва Кирилл Шамшурин (2:05:50.13) аз Русия медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ оид ба қайиқронӣ дар Чин ба ҷуз аз Шаҳриёр Даминов, боз як варзишгари тоҷик - Нурмуҳаммади Тоҳир - миёни бузургсолон иштирок дошт. Вале ӯ дар қайиқронӣ дар байдаркаи якнафарӣ (К1) ба масофаҳои 3600 метр ва 25,90 километр дар даврҳои интихобӣ ноком шуда, натавонист ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG