Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон, ки дар шаҳри Лимассоли Қибрис ҷараён дорад, дар рӯзи аввали рақобатҳо – 19-уми октябр - се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон, субҳи рӯзи якшанбеи 20-уми октябр аз шаҳри Лимассол хабар дод.
Ин довари маъруфи тоҷик, ки дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон аст, гуфт, “дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон дар Лимассол варзишгарони собиқадор мувофиқи синашон дар ҳафт гурӯҳ - 35-39, 40-44, 45-49, 50-54, 55-59, 60-65 ва аз 65-сола боло – аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо - 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг – миёни мардон рақобат мекунанд.”
Ба иттилои Маҳмуд Абдуллоев, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон шаш паҳлавони пуртаҷриба – Сайёд Урфонов (гурӯҳи 35-39-сола, вазни то 68 кг), Ҷамшед Саломов (гурӯҳи 35-39-сола, вазни то 100 кг), Суҳроб Бердиев (гурӯҳи 40-44-сола, вазни беш аз 100 кг), Шариф Қурбонов (гурӯҳи 50-54-сола, вазни беш аз 100 кг), Раҷабалӣ Холов (гурӯҳи аз 65-сола боло, вазни то 82 кг) ва Саттор Сайфиддинов (гурӯҳи аз 65-сола боло, вазни то 100 кг) - ширкат доранд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа се паҳлавони тоҷик рақобат карда, ҳарсе бо медал сарфароз гаштанд. Раҷабалӣ Холов бо медали нуқра ва ду нафар – Шариф Қурбонов ва Саттор Сайфиддинов – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
“Се варзишгари дигари собиқадори тоҷик - Сайёд Урфонов, Ҷамшед Саломов ва Суҳроб Бердиев – имрӯз, 20-уми октябр, дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон барои медалҳо мубориза мебаранд. Мо аз ин паҳлавонон низ натиҷаҳои баландро чашмдорем”, - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.
Бояд гуфт, ки варзишгарони собиқадори тоҷик ҳамасола дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни устодони самбо ширкат варзида, ба натиҷаҳои баланд ноил мешаванд. Чунончи, аз байни шаш паҳлавоне, ки дар ҳамин ҳол дар Қибрис мебошанд, дар мусобиқаҳои пештара Шариф Қурбонов медали тилло, Ҷамшед Саломов, Раҷабалӣ Холов ва Саттор Сайфиддинов медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Барномаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон дар Лимассоли Қибрис
20-уми октябр (якшанбе): гурӯҳҳои 35-39, 40-44, 45-49-сола дар вазнҳои 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг.