Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи қайиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қаҳрамонии Осиё


Шаҳриёр Даминов.
Шаҳриёр Даминов.

Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қайиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 3600 метр миёни мардон бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Шаҳриёр ба чунин дастовард рӯзи 17-уми октябр дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва бузургсолон, ки дар шаҳри Шаосинги Чин ҷараён дорад, мушарраф гардид. Ӯ ин масофаро дар муддати 18 дақиқаю 23,70 сония тай намуда, ҷойи дувумро соҳиб шуд.

Дар ин масофа 19 варзишгар аз 12 кишвар иштирок дошт. Натиҷаи нишондодаи Шаҳриёр дар сатҳи ҷаҳон ҷойи 15-ум аст. Медали тиллои қаҳрамонии Осиёро Зиҳанг Ванг аз Чин бо натиҷаи 17:12,47 ба даст овард. Медали биринҷӣ насиби Иссеи Такенака аз Ҷопон бо натиҷаи 18:45,78 гардид.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон Диего Ромеро аз Испания (16:17,54) ғолиб шуд. Ҳамватани ӯ Мануэл Кампос (16:18,86) ҷойи дувумро гирифт. Яқуб Березина аз Чех бо натиҷаи 16:24.15 ҷойи севумро азони худ кард.

Дар мусобиқа оид ба қайиқронӣ ба ҷуз Шаҳриёр Даминов, боз як варзишгари тоҷик - Нурмуҳаммади Тоҳир - миёни бузургсолон иштирок дорад. Вале ӯ, ки дар қайиқронӣ дар байдаркаи якнафарӣ (К1) ба масофаи 3600 метр дар даври интихобӣ ҷойи охиринро гирифт, ба финал роҳ пайдо накард.

Ҳарду варзишгари тоҷик рӯзи 19-уми октябр дар масофаи миёна (26 км) рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG