Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти ду варзишгари ҷавони тоҷик ва медали паҳлавони собиқадор дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон


Ду варзишгари тоҷик - Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров - дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони синашон то 21-сола, ки 16-уми октябр дар Марокаш шуруъ шуд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Ҷамолиддин Абдуллоев рӯзи чоршанбе дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш Абдулалӣ Ҳакика (Марокаш) ва Артҷомс Галактионовс (Латвия), дар қувваозмоии севум аз Исмоил Мисиров (Русия) мағлуб гашт.

Идибек Сафаров ҳам дар вазни то 66 кило рақобат намуд. Ӯ дар даври аввал аз Иво Верҳорстерт (Нидерланд) шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, ҳарду варзишгари тоҷик аз ҷоизаҳои қаҳрамонии ҷаҳон бенасиб монданд.

Дар вазни то 66 кило Виллиам Лимаи бразилиягӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ ба Такеши Такеокаи ҷопонӣ ғолиб омада, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар Марокаш то 20-уми октябр идома меёбад, дар рақобатҳои инфиродӣ 517 варзишгар (294 мард ва 223 зан) аз 81 кишвар ширкат дорад.

Мусобиқот аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занонон) сурат гирифтааст, ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта доир мегардад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз аз медалу диплом бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷойи аввал - 2500 доллари ИМА, ҷойи дувум – 1500 доллар, ҷойҳои севум – 850-долларӣ.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз аз Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров, боз чаҳор нафар - Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни то 90 кг) – дохиланд. Сомон ва Қоим имрӯз, 17-уми октябр, ба рақобат мепардозанд. Абубакр ва Эмомризо бошанд, 18-уми октябр қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони синашон то 21-сола

Писарон

60 кг 1. СИМЕОНИДИС Константин (Русия) 2. ЮСУФОВ Аҳмад (Озарбойҷон) 3. СУЕМАТСУ Кен (Ҷопон) 3. ЮЛДУЗ Солеҳ (Туркия) 66 кг 1. ЛИМА Виллиам (Бразилия) 2. ТАКЕОКА Такеши (Ҷопон) 3. АЛИЕВ Иброҳим (Озарбойҷон) 3. МАРЧЕЛИНО Михаэл (Бразилия)

Духтарон

48 кг 1. КОГА Вакана (Ҷопон) 2. БОУКЛИ Ширине (Фаронса) 3. ҶОН Су Сонг (Кореяи Шимолӣ) 3. СТОЯДИНОВ Андреа (Сербия) 52 кг 1. ЛХАГВАСУРЕН Сосорбарам (Муғулистон) 2. ХСУ Лин Хсуан (Тайбейи Чин) 3. КАВАДА Аюми (Ҷопон) 3. ПИМЕНТА Ларисса (Бразилия).

Баъди натиҷагирии рӯзи аввали рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кардааст. Мунтахаби Бразилия бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Муғулистон бо касби як медали тилло дар ҷойи севум мебошанд.

Ҳамзамон дар Марокаш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон 1168 варзишгар (982 мард ва 186 зан) аз 51 кишвар иштирок дорад. Тоҷикистонро се нафар – Мустафо Ҳасанов (М1-73 кг), Аҳрор Холиқов (М3-73 кг) ва Мирзо Абдуллоев (М4-100 кг) намояндагӣ карданд.

Мустафо Ҳасанов баъди се пирӯзӣ ба рақибонаш аз Аргентина, Фаронса ва Бразилия ба финал баромад. Вале ӯ қувваозмоии ниҳоиро ба Маммад Маммадови озарбойҷонӣ бохт ва дар натиҷа мақоми дувумро касб намуда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Аҳрор Холиқов дар даври аввал аз Рафаэл Маидониси фаронсавӣ ва ва Мирзо Абдуллоев аз Иван Ҷоменез Лопези испаниягӣ шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG