Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз журналистон хостанд, ки маъюбонро "бадбахт" тасвир накунанд. ВИДЕО


Созмони занони маъюб аз журналиcтон хостааст, ки ҳангоми навиштани матолибу гузоришҳо дар бораи маъюбон, аз ибораҳои дуруст истифода баранд.

Нисо Шамсиева, як корманди Созмони занони маъюб гуфт, дар ҷумлаҳои журналистон ба мафҳумҳое чун "ба маъюбии худ нигоҳ накарда" ё "Кӯдакҳои офтобӣ" дучор шудан мумкин аст, ки ба эҳсоси маъюбон нохун мезанад.

Ин созмон ҳоло ёддоштеро ба шакли "Чӣ тавр набояд гуфт", тартиб дода ва аз журналистон хостааст онро риоя кунанд. Шамсиева аз журналистон хост "ба маъюбон ба унвони одамони солим назар андозанд".

Фаъолони ҷамъиятӣ истифодаи ибораи "шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд"-ро низ ғайриахлоқӣ меҳисобанд ва таҳрири онро мехоҳанд. Чунки ба қавли онҳо, зани бордор низ метавонад чун шахси бо имкониятҳои маҳдуд шинохта шавад, аммо далолат бар маъюб буданаш намекунад.

"Ҳадаф ин аст, ки калима ва ибораҳои ноқис истифода нашаванд. Мо ин тарзи ифодаро ғайриахлоқӣ меномем",-мегӯянд масъулони Созмони занони маъюб.

Созмонҳо аз журналистон хостанд маъюбонро "бадбахт" тасвир накунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Саида Иноятова, роҳбари Созмони занони маъюб мегӯяд, ҳангоми пешниҳоди маводҳои аудиоӣ ва видеоӣ, муаллифон бештар мусиқиҳои ғамангезро истифода мебаранд, ки раҳмоваранд. Ин ҳолат чунин тасаввури ғалатро меофарад, ки маъюбон одамони бадбахтанд. Ба гуфтаи ӯ, шахсони маъюбиятдоштаро ҳамчун шахси бечора, бо зиндагии шикаста ё дили шикаста нишон медиҳанд.

Фаъолони ҷамъиятӣ ҳамчунин намехоҳанд журналистон маъюбонро бемор намоиш диҳанд. Ба гуфтаи онҳо, гоҳҳо ҳатто аз хонадоршавии онҳо ҳодисаи нодир месозанд, ки як амали нодуруст аст. "Ягон чизи ғайриоддӣ нест, ин ҳодисаи муқаррарии ҳаёт мебошанд. Чунки дар ҳаёт зан ва мард издивоҷ мекунанд, фарзанд таваллуд мекунанд, ин оддӣ мебошад".

Созмонҳои ҷамъиятӣ солҳост талош доранд, мавқеи маъюбон дар Тоҷикистон тағйир ёбад. Ба қавли онҳо, ҳанӯз тасаввурҳое дар ҷомеа вуҷуд доранд, ки бояд ислоҳ шаванд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG