Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои пурголи марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё


Барои аввалин бор дар 40 соли ахир занон дар Эрон ба таври расмӣ иҷозаи ҳузур дар варзишгоҳ ва тамошои футболи мардонро ёфтанд.
Барои аввалин бор дар 40 соли ахир занон дар Эрон ба таври расмӣ иҷозаи ҳузур дар варзишгоҳ ва тамошои футболи мардонро ёфтанд.

Рӯзи 10-уми октябр 16 бозии даври севуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ баргузор шуд.

Ҳисоби аз ҳама бузург дар ин давр дар бозии гурӯҳи С миёни тимҳои миллии Эрон ва Камбоҷа ба назар расид. Эрониҳо ба дарвозаи меҳмонон – футболбозони Камбоҷа – 14 голи беҷавоб заданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи “F” шомил аст, аз бозии даври севум озод буд. Футболбозони тоҷик дар даври чаҳорум рӯзи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Ҷопон рақобат хоҳанд кард.

Мунтахаби Ҷопон дар даври севум дар майдони худ мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Қирғизистон дар Бишкек мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби 7:0 мағлуб сохт.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ду бозӣ бар дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шудааст, шаш имтиёз дорад. Мунтахаби Ҷопон низ шаш имтиёз гирифтааст. Дар ҷадвали гурӯҳи "F" бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Ҷопон (8-0) дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон (2-0) дар ҷойи дувум қарор доранд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро касб намудаанд. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кардааст.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

2

2

0

0

8-0

6

2

Тоҷикистон

2

2

0

0

2-0

6

3

Қирғизистон

2

1

0

1

7-1

3

4

Муғулистон

3

1

0

2

1-7

3

5

Мянмар

3

0

0

3

0-10

0

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол, даври 3-юм, 10-уми октябр:

Гурӯҳи А:

Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам

Чин – Гуам – 7:0

Сурия – Молдив – 2:1

Дар ин гурӯҳ Чин ва Сурия бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Филиппин ва Молдив сеимтиёзӣ гирифтаанд. Гуам имтиёз надорад.

Гурӯҳи В:

Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал

Австралия – Непал – 5:0

Урдун – Кувайт – 0:0

Дар ин гурӯҳ Австралия бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Урдун ва Кувайт чоримтиёзӣ гирифтаанд. Непал бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи С:

Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа

Ироқ – Ҳонконг – 2:0

Эрон – Камбоҷа – 14:0

Дар ин гурӯҳ Эрон бо шаш имтиёз пешқадам аст. Ироқ ва Баҳрайн чоримтиёзӣ гирифтаанд. Ҳонконг ва Камбоҷа якимтиёзӣ доранд.

Гурӯҳи D:

Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур

Арабистони Саудӣ – Сингапур – 3:0

Узбекистон – Яман – 5:0

Дар ин гурӯҳ Арабистони Саудӣ ва Сингапур бо чоримтиёзӣ пешсафанд. Узбекистон ва Фаластин сеимтиёзӣ гирифтаанд. Яман ду имтиёз дорад.

Гурӯҳи E:

Қатар, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Бангладеш

Бангладеш – Қатар – 0:2

Умон – Афғонистон – 3:0

Дар ин гурӯҳ Қатар бо ҳафт имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Умон бо шаш имтиёз дар ҷойи дувум аст. Афғонистон се имтиёз ва Ҳиндустон як имтиёз гирифтаанд. Бангладеш бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи F:

Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон

Ҷопон - Муғулистон - 6:0

Қирғизистон - Мянмар - 7:0

Дар ин гурӯҳ Ҷопон ва Тоҷикистон бо шашимтиёзӣ пашсафанд. Қирғизистон ва Муғулистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Мянмар бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи G:

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия

Ветнам – Малайзия – 1:0

Иморот – Индонезия – 5:0

Дар ин гурӯҳ Иморот бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тайланд ва Ветнам чоримтиёзӣ, Малайзия се имтиёз гирифтаанд. Индонезия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Гурӯҳи H:

Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка

Лубнон – Туркманистон – 2:1

Кореяи Ҷанубӣ - Шри-Ланка – 8:0

Дар ин гурӯҳ Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ бо шашимтиёзӣ пашсафанд. Туркманистон ва Лубнон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат меварзад, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст.

Марҳилаи интихобӣ, ки 5-уми сентябри имсол шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи F

Даври 4-ум

15-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:15

Тоҷикистон – Ҷопон

Сардовар: Муҳаммад Зайд Тҳамер (Ироқ).

Ёварон: Убайди Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ, Ҷаббор Акрам Алӣ (ҳарду аз Ироқ).

Довари эҳтиётӣ: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

Нозири доварон: Энтони Ҷон Да Коста (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Муғулистон – Қирғизистон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Қирғизистон – Ҷопон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Мянмар – Муғулистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Ҷопон – Мянмар

Даври 8-ум

31 марти соли 2020 (сешанбе)

Муғулистон – Ҷопон

Мянмар – Қирғизистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Ҷопон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG