Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон бо Муғулистон ва Қирғизистон бо Мянмар рақобат мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Имрӯз, 10-уми октябр, 16 бозии даври севуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ баргузор мешавад.

Дар гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон ва мунтахаби Қирғизистон дар Бишкек бо мунтахаби Мянмар рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи “F” шомил аст, аз бозии даври севум озод мебошад. Футболбозони тоҷик дар даври чаҳорум рӯзи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Ҷопон рақобат хоҳанд кард.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ду бозӣ бар дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шудааст, бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "F" дар ҷойи аввал аст.

Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб намудаанд. Муғулҳо ду бозӣ, ҷопониҳо бошанд, як бозӣ анҷом додаанд.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Мянмар бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд. Қирғизҳо як бозӣ, мянмариҳо ду бозӣ кардаанд.

Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат меварзад, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст.

Марҳилаи интихобӣ, ки 5-уми сентябри имсол шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол, даври 3-юм, 10-уми октябр:

Гурӯҳи А:

Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам

Чин - Гуам

Сурия - Молдив

Гурӯҳи В:

Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал

Австралия - Непал

Урдун - Кувайт

Гурӯҳи С:

Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа

Ироқ - Ҳонконг

Эрон - Камбоҷа

Гурӯҳи D:

Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур

Арабистони Саудӣ - Сингапур

Узбекистон - Яман

Гурӯҳи E:

Қатар, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Бангладеш

Бангладеш - Қатар

Умон - Афғонистон

Гурӯҳи F:

Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон

Ҷопон - Муғулистон

Қирғизистон - Мянмар

Гурӯҳи G:

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия

Ветнам - Малайзия

Иморот - Индонезия

Гурӯҳи H:

Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка

Лубнон - Туркманистон

Кореяи Ҷанубӣ - Шри-Ланка

XS
SM
MD
LG