Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ соли 2020 дар Қазон доир мегардад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои мустақил), ки рӯзи 11-уми октябр дар Ишқобод доир мегардад, масоили ташкилӣ дар бораи баргузории аввалин Бозиҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баррасӣ мешавад. Дар ин бора CentralAsia.news хабар додааст.

Ба иттилои turkmenportal.com, баргузории ин чорабинии бузурги варзишӣ аз 20-ум то 27-уми августи соли 2020 дар Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия дар назар аст.

Қазон яке аз шаҳрҳои дар соҳаи варзиш рушдкардаи Русия, инчунин яке аз пешсафон оид ба теъдоди пирӯзиҳо дар намудҳои мухталифи варзиш ба шумор меравад.

Дар Бозиҳо иштироки дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина ба нақша гирифта шудааст.

Кумитаи тадорукот метавонад барои иштирок дар Бозиҳо дигар кишварҳоро даъват намояд, ки доираи мусобиқотро васеъ хоҳад кард. Интизор меравад, ки Қазон беш аз 2000 варзишгар ва 600 шахси расмиро қабул намояд.

Ба барномаи мусобиқот чунин намудҳои варзиш, монанди ҷудо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футболи хурд, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшерзанӣ, карате, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии варзишӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол (3x3) дохиланд.

Бозиҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар ду сол як бор баргузор мешаванд. Дар доираи мусобиқот ҳамоиши «ИДМ – марзи варзиш» доир мегардад.

XS
SM
MD
LG