Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти муштзанҳои тоҷик аз Узбекистон бо ду медал


Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи XII байналмилалӣ оид ба бокс миёни мардон ба хотираи мураббии маъруф Валентин Золотарёв, ки рӯзҳои 1-5-уми октябр дар толори коллеҷи захираҳои олимпии шаҳри Андиҷони Узбекистон баргузор шуд, бо ду медал (як тилло ва як биринҷӣ) баргаштанд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ беш аз 170 муштзан аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар шомил буд, ки аз миёни онҳо ду нафар бо медал сарфароз гаштанд.

Бахтиёри Мирзомуҳаммад, ки дар вазни зери 75 кило чаҳор рақибашро аз Узбекистон, инчунин як нафарро аз Қирғизистон шикаст дод, мақоми аввалро касб намуд.

Муштзани дигари тоҷик Дилшод Оқилов дар вазни зери 52 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар ду қувваозмоӣ бар муштзанҳои Узбекистон дастболо шуд, вале дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Қазоқистон шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи севумро азони худ кард.

XS
SM
MD
LG