Ду варзишгари тоҷик - Миҷгона Самадова ва Нилуфар Бобоёрова - дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Улан-Удэи Русия ҷараён дорад, ба даврҳои баъдӣ роҳ ёфтанд.
Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки то 13-уми октябр идома меёбад, беш аз 300 варзишгар аз 75 кишвар ширкат дорад. Муштзанҳо аз рӯи 10 дараҷаи вазнҳо рақобат менамоянд: -48 кг, -51 кг, -54 кг, -57 кг, -60 кг, -64 кг, -69 кг, -75 кг, -81 кг, +81 кг.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия чаҳор варзишгар - Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг), Нилуфар Бобоёрова (-64 кг) ва Идимоҳ Холова (-69 кг) - бо раҳбарии Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон-2012, намояндагӣ мекунанд.
Ду муштзани тоҷик - Миҷгона Самадова ва Нилуфар Бобоёрова - дар даври муқаддамотӣ пирӯз шуданд. Миҷгона бар Марселат Сакобӣ аз Кот д-Ивуар ва Нилуфар бар Чаҳира Селмоунӣ аз Алҷазоир ғолиб омаданд.
Ҳамакнун Миҷгона дар даври ҳаштякниҳоӣ имрӯз, 8-уми октябр, бо Каррис Артингсталл аз Англия ва Нилуфар дар даври чорякниҳоӣ 10-уми октябр бо Екатерина Динник аз Русия рақобат мекунанд.
Вале ду варзишгари дигари тоҷик - Шоира Зулқайнарова ва Идимоҳ Холова - аввалин қувваозмоиҳои худро бохтанд. Шоира аз Омайлин Алкала аз Венесуэла ва Идимоҳ аз Шаҳноза Юнусова аз Узбекистон шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Деҳлии Ҳиндустоне се муштзани тоҷик – Шоира Зулқайнарова, Миҷгона Самадова ва Гулмира Исроилова – ширкат доштанд.
Шоира дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Пуэрто-Рико ва Ҷумҳурии Чех ба чорякфинал баромад. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Дан Доу аз Чин мағлуб шуд. Миҷгона дар вазни зери 57 кило ва Гулмира дар вазни зери 81 кило дар нахустин рақобати худ шикаст хӯрданд.
Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон таҳти сарпарастии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) аз соли 2001 барои бори ёздаҳум баргузор мешавад.
Беҳтарин натиҷаи варзишгарзанони тоҷик дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ медали биринҷии муштзани маъруф Мавзуна Чориева мебошад, ки моҳи майи соли 2012 дар Чин дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило ба даст овардааст. Инчунин Мавзуна тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон барандаи медали биринҷӣ гардидааст.