Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти "Истиқлол" дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии марказии даври ҳаждаҳуми мусобиқоти лигаи олӣ дар майдони худ аз «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти қаҳрамони Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола мебошад.

Дар се бозии дигари даври ҳаждаҳум «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 2:1, ССКА «Памир»-и Душанбе дар сафар бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

“Истиқлол”, ки пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфта, барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, феълан дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ бо 45 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

“Хуҷанд” бо 32 имтиёз ҷойи дувумро касб намудааст. Ба хуҷандиҳо барои дарёфти медалҳои нуқра дар чаҳор бозии боқимонда се имтиёз ба даст овардан кофист.

“Регар-ТадАЗ” бо 25 имтиёз дар ҷойи севум аст. Ба ҷуз футболбозони шаҳри Турсунзода, дастаҳои “Хатлон”, ССКА “Помир” ва “Истравшан” барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. “Кӯктош” ба минтақаи хатарзо ворид шуд.

Бинобар бозии мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ҷопон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки рӯзи сешанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, дар мусобиқоти лигаи олӣ танаффус эълон шудааст.

То охири мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон се давр мондааст. Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 20-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Парвиз Охунов, 59 (1:0). Юрий Захаркив, 66 (1:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 90+4 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

5-уми октябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.

«Панҷшер» – ССКА «Помир» – 0:2

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 35 – аз пеналтӣ (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 68 (0:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

5-уми октябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 27 (0:1). Шерзод Маҳамадиев, 61 – аз пеналтӣ (0:2). Аҳтам Назаров, 72 – аз пеналтӣ (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

5-уми октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 3:0

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 35 (1:0). Бахтовар Зокиров, 75 (2:0). Тулқинҷон Умаров, 84 (3:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Истаравшан»), 66 – барои бо даст ба рӯи ҳариф задан.

Беҳтарин бозигари дидор: Бахтовар Зокиров («Истаравшан»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

5-уми октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

18

14

3

1

52-14

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

10

2

5

33-17

32

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

18

7

4

7

26-28

25

4

«Хатлон» (Бохтар)

18

6

5

7

24-24

23

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

18

6

4

8

19-24

22

6

«Истаравшан» (Истаравшан)

17

6

3

8

17-24

21

7

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

18

5

5

8

24-32

20

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

18

3

2

13

13-45

11

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 14 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.

Даври 19-ум

20 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Кӯктош» – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

«Панҷшер» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – ССКА «Помир»

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG