Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба финали қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки дар бозии охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби Сурияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо 9 имтиёз ғолиби гурӯҳи “С” шуд ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.

Бозии даври севум ва охирини гурӯҳи “С” шоми якшанбеи 6-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Шаҳром Самиев дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 23-юм, ба самар расонид.

Дар бозии дигари даври севуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи «С» мунтахаби Лубнон рӯзи якшанбе дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бар дастаи Ҷазираҳои Молдив бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии даври аввали марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” тими Ҷазираҳои Молдивро бо ҳисоби бузурги 9:0 ва дар даври дувум тими Лубнонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Лубнон ва Сурия бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор гирифтанд. Мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шуд.

Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола 46 даста ширкат дорад, ки тибқи қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст. Дар минтақаи Ғарб шаш гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ панҷ гурӯҳ таъсис ёфтааст.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон, ки аз 14-ум то 31-уми октябри соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунанд.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Молдив – 9:0

Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Иброҳим Дҳаисам, 76 – ба дарвозаи худ (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).

2-юми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2920 тамошобин.

Сурия – Лубнон – 1:1

Голҳо: Умар Рамазон, 40 (1:0). Карим Маккавӣ, 73 (1:1).

2-юми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Даври 2-юм

Лубнон Тоҷикистон – 0:1

Гол: Шаҳром Самиев, 46

4-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4800 тамошобин.

Молдив – Сурия – 2:3

Голҳо: Савӣ Иброҳим, 19 (1:0). Савӣ Иброҳим, 25 – ба дарвозаи худ (1:1). Муҳаммад Ал-Авад Ал-Малҳем, 33 (1:2). Ҳасан Нозим, 55 (2:2). Умар Рамазон, 62 (2:3).

4-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Сурия – 1:0

Гол: Шаҳром Самиев, 23.

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҷонибек Шарипов, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Маҳмуд Пиров, Исроил Холов, Ҳамадонӣ Камолов (Шоҳрух Сангов, 90+2), Шарифбек Раҳматов (Нидоёр Забиров, 75), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Шаҳром Самиев (Маҳмадзарифи Абдураҳим, 90).

Огоҳонида шуданд: Шоҳрух Қирғизбоев, Шаҳром Самиев, Абдулмуъмин Забиров, Ҳамадонӣ Камолов, Маҳмуд Пиров (Тоҷикистон), Мустафо Сафронӣ, Муҳаммад Руҳониёҳ, Муҳаммад Ал-Авад Ал-Малҳем, Аҳмад Умар (Сурия).

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳром Самиев (Тоҷикистон).

Сардовар: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафаҳ (Урдун).

Нозири доварон: Мухтор Солеҳ Алӣ Ал-Яримӣ (Яман).

Комиссари бозӣ: Ҷаргал Сухбаатар (Муғулистон).

6-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5700 тамошобин.

Лубнон – Молдив – 2:0

Голҳо: Адам Ҳиҷозӣ, 17 (1:0). Абдулраззоқ Дакрама, 76 (2:0).

Нозири доварон: Селераҷен Субраманиан (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

6-уми октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 60 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

3

0

0

11-0

9

2

Лубнон

3

1

1

1

3-2

4

3

Сурия

3

1

1

1

4-4

4

4

Молдив

3

0

0

3

2-14

0

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG