Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Баротов аз ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ихроҷ шуд


Илҳом Баротов, нимҳимоятгари бошгоҳи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки ӯро кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баъди бозии даври 17-уми мусобиқоти лигаи олӣ бо «Хатлон»-и Бохтар (1:1), аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум намуда, ба малағи 1000 сомонӣ муҷозот кардааст, бо тасмими ситоди мураббиёни мунтахаби кишвар аз дастаи миллӣ хориҷ шуд ва ба бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили мунтахаби Ҷопон (15 октябр) даъват карда намешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, иллати хориҷ намудани нимҳимоятгари «Истаравшан» аз мунтахаби Тоҷикистон иштироки ӯ рӯзи 27-уми сентябр дар бетартибӣ ва занозании оммавӣ пас аз анҷоми бозии мусобиқоти лигаи олӣ бо «Хатлон» (1:1) мебошад.

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон рафтори нимҳимоятгари «Истаравшан» Илҳом Баротовро, ки баъди хотимаи бозӣ бо «Хатлон» дар занозании оммавӣ дар майдон ширкат кардааст, маҳкум намуд.

Бозигари дигари «Истаравшан» – нимҳимоятгар Муҳаммадалӣ Азизбоев аз ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия иштирок мекунад, хориҷ шуд.

Азизбоев, ки ӯро кумитаи назорату ахлоқи ФФТ аз ҳаққи ширкат дар се бозӣ маҳрум намуда, ба малағи 1000 сомонӣ муҷозот кардааст, яке аз ширкаткунандагони занозании оммавӣ баъди анҷоми бозии лигаи олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истаравшан» ва «Хатлон» (1:1) будааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG