Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати чаҳор варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, ки аз 3-юм то 13-уми октябр дар шаҳри Улан-Удэи Русия доир мегардад, ширкат меварзанд.

Дар маросими ифтитоҳи ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки 2-юми октябр баргузор шуд, беш аз 300 варзишгар аз 75 кишвар ширкат дошт. Муштзанҳо аз рӯи 10 дараҷаи вазнҳо рақобат менамоянд: -48 кг, -51 кг, -54 кг, -57 кг, -60 кг, -64 кг, -69 кг, -75 кг, -81 кг, +81 кг.

Тоҷикистонро чаҳор варзишгар - Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг), Нилуфар Бобоёрова (-64 кг) ва Идимоҳ Холова (-69 кг) - бо раҳбарии Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон-2012, намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарони тоҷик аз рӯзи дуюми мусобиқот – 4-уми октябр – ба рақобат мепардозанд. Идимоҳ Холова дар даври аввал бо Шаҳноза Юнусова аз Узбекистон қувваозмоӣ мекунад.

Миҷгона Самадова 5-уми октябр бо Марселат Сакобӣ аз Кот д-Ивуар, Шоира Зулқайнарова 6-уми октябр бо Омайлин Алкала аз Венесуэла ва Нилуфар Бобоёрова 7-уми октябр бо Чаҳира Селмоунӣ аз Алҷазоир рақобат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Деҳлии Ҳиндустоне се муштзан тоҷик – Шоира Зулқайнарова, Миҷгона Самадова ва Гулмира Исроилова – ширкат доштанд.

Шоира Зулқайнарова дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Пуэрто-Рико ва Ҷумҳурии Чех ба чорякфинал баромад. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Дан Доу аз Чин мағлуб шуд.

Миҷгона Самадова дар вазни зери 57 кило ва Гулмира Исроилова дар вазни зери 81 кило дар нахустин рақобати худ шикаст хӯрданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон таҳти сарпарастии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) аз соли 2001 барои бори ёздаҳум баргузор мешавад.

Беҳтарин натиҷаи варзишгарзанони тоҷик дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ медали биринҷии муштзани маъруф Мавзуна Чориева мебошад, ки моҳи майи соли 2012 дар Чин дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило ба даст овардааст. Инчунин Мавзуна тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон барандаи медали биринҷӣ гардидааст.

XS
SM
MD
LG