Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 голи беҷавоби мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба дарвозаи Молдив


Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии даври аввали марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи «С» тими Ҷазираҳои Молдивро бо ҳисоби бузурги 9:0 шикаст дод.

Ин бозӣ шоми чоршанбеи 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Ҳамлагар Шаҳром Самиев се гол, Ислом Зоиров ва Шарифбек Раҳматов дуголӣ заданд. Як голи дигарро капитани даста Манучеҳр Сафаров ба самар расонид. Боз як тӯбро Иброҳим Дҳаисам, бозигари меҳмонон, ба дарвозаи дастааш ворид кард.

Дар ин дидор ҳуҷум, аслан, ба сӯи як дарвоза буд. Натиҷаи бозӣ нишон дод, ки дар ин гурӯҳ дастаи Молдив заифтарин аст.

Бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Лубнон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. Ҳисобро Умар Рамазон, бозигари мунтахаби Сурия, дар дақиқаи 40-ум боз кард. Голи ҷавобиро Карим Маккавӣ дар дақиқаи 73-юм зад.

Дар даври дувуми мусобиқот, ки рӯзи ҷумъаи 4-уми октябр доир мегардад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Лубнон рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Пеш аз ин бозӣ дар ин варзишгоҳ соати 16:00 футболбозони дастаҳои мунтахаби ҷавонони Сурия ва Молдив ба майдон меоянд.

Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола 46 даста ширкат меварзад, ки тибқи қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола

Гурӯҳи «С»

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Молдив – 9:0

Голҳо: Шарифбек Раҳматов, 4 (1:0). Манучеҳр Сафаров, 9 (2:0). Шаҳром Самиев, 13 (3:0). Шаҳром Самиев, 21 (4:0). Ислом Зоиров, 36 (5:0). Ислом Зоиров, 42 (6:0). Шаҳром Самиев, 46 (7:0). Иброҳим Дҳаисам, 76 – ба дарвозаи худ (8:0). Шарифбек Раҳматов, 88 (9:0).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҷонибек Шарипов, Манучеҳр Сафаров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 61), Абдулмуъмин Забиров (Нидоёр Забиров, 56), Маҳмуд Пиров, Исроил Холов, Шарифбек Раҳматов, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Шоҳрух Сангов, Ислом Зоиров, Шаҳром Самиев (Суннатулло Исмоилов, 80).

Сардовар: Чен Хсин Чуан (Тайбэйи Чин).

Нозири доварон: Мухтор Солеҳ Алӣ Ал-Яримӣ (Яман).

Комиссари бозӣ: Ҷаргал Сухбаатар (Муғулистон).

2 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2920 тамошобин.

Сурия – Лубнон – 1:1

Голҳо: Умар Рамазон, 40 (1:0). Карим Маккавӣ, 73 (1:1).

Огоҳонида шуданд: Субҳӣ Ал-Халаф, Муҳаммад Ал-Авад Ал-Малҳам (Сурия), Еяд Ҳаммоуд (Лубнон).

Сардовар: Муҳаммад Халид Ал-Ҳоиш (Арабистони Саудӣ).

Нозири доварон: Селераҷен Субраманиан (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ал-Хаттавӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

2 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

1

1

0

0

9-0

3

2

Сурия

1

0

1

0

1-1

1

3

Лубнон

1

0

1

0

1-1

1

4

Молдив

1

0

0

1

0-9

0

Даври 2-юм

4-уми октябр (ҷумъа)

16:00 – Молдив – Сурия

19:00 – Лубнон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

6-уми октябр (якшанбе)

16:00 – Лубнон – Молдив

19:00 – Тоҷикистон – Сурия

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG