Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол рӯзи 1-уми октябр бо ширкати чаҳор даста (се дастаи лигаи олӣ ва як дастаи лигаи аввал) баргузор шуданд. Дар як бозӣ мизбонон ғолиб омаданд, бозии дигар бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.
Дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе - дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор намояндаи лигаи аввал - «Ҳулбук»-и Восеъро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Чаҳор голро Муҳаммадҷон Раҳимов ба самар расонид. Як голи дигарро Искандар Ҷалилов зад.
Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, ду дастаи лигаи олӣ - «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - бо ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Оятулло Сафаров, бозигари меҳмонон, дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Дилшод Бозоров дар нимаи дувуми дидор зад.
Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 рӯзҳои 2-3-юми ноябр доир мегарданд.
Ҷоми Тоҷикистон-2019
1/2 финал. Бозиҳои аввал
1 октябр (сешанбе)
«Истиқлол» – «Ҳулбук» - 5:0
Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 26 (1:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 38 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 69 (3:0). Искандар Ҷалилов, 86 (4:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+2 (5:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).
Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
2 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1
Голҳо: Оятулло Сафаров, 24 (0:1). Дилшод Бозоров, 58 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Расул Пайзов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
2 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3000 тамошобин.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 28-ум баргузор шудаст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода шаш бор, “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
НАТИҶАҲОИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992 – 2018):
- 1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
- 1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
- 1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
- 1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
- 1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
- 1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
- 1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
- 1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
- 2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
- 2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
- 2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
- 2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
- 2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
- 2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
- 2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
- 2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0
- 2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
- 2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
- 2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
- 2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
- 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
- 2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
- 2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
- 2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
- 2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
- 2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
- 2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0