Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи паҳлавонон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аз 2-юм то 5-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа, ки барои бори ҳафтум барпо мегардад, ширкати ҳудуди 250 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар назар аст. Мусобиқаи имсола аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо миёни мардон (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар ҳар як вазн ба ҷуз медалу ифтихорнома, ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад. Ба ғолиб 10000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 2500 сомонӣ муқаррар шудааст.

Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 доир мешавад. Се бор (солҳои 2013-2015) ин мусобиқа дар шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Соли 2013 Виталий Дудчики украинӣ дар вазни зери 81 кило ва Ислом Ал-Шаҳобӣ аз Миср дар вазни мутлақ ғолиб шуданд. Дудчик дар қувваозмоии ниҳоӣ гуштигири тоҷик Фарҳод Раҳимовро мағлуб кард. Ал-Шаҳобӣ бошад, дар финал бар паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дастболо шуд.

Баъдан ду бор Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон гардидааст. Ӯ соли 2014 дар қувваозмоии ҳалкунанда барои ҷоизаи аслӣ бар ҳамватанаш Зиёратшо Баротов пирӯзӣ ба даст овард. Абдураҳмонов соли 2015 дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Александр Ваховяк аз Беларус ғалаба кард.

Чорумин давраи Ҷоми президенти Тоҷикистон соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Станислав Бондаренко аз Украина, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Алекс Гарсия Мендозаро аз Куба шикаст дод, бо Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Ба варзишгари кубагӣ барои ҷойи дувум медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва Абдулло Тангриев (ҳарду аз Узбекистон), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаҳои молӣ ҳар кадом ба маблағи 16 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Зимнан, дар мусобиқаи соли 2016 барои Ҷоми президенти Тоҷикистон мизбонон барои аввалин бор аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Мусобиқаи соли 2017, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов ба поён расид. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Комроншоҳи Устопириён ғолиб омад. Саидов бо Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Устопириён барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Гуштигирон Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) ва Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон), ки ҷойҳои севумро азони худ карданд, ҳар кадом бо медалҳои биринҷӣ ва 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта, ки аз 2-юм то 5-уми октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, 248 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат дошт.

Мусобиқаи порсола аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо миёни мардон сурат гирифт. Дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик Раҳматулло Фарҳодов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд. Дар се вазни дигар гуштигирони узбек Достон Рӯзиев (-60 кг), Абдуҷалил Юсупов (-66 кг) ва Достон Мелиев (-90 кг) ғолиб омаданд.

XS
SM
MD
LG