Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бохт ва ду бурди мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Иморот ва Баҳрайн


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн чаҳор бозии дӯстона анҷом дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), мунтахаби футзали кишвар рӯзҳои 25-26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор кард ва дар ҳардуяш бо натиҷаҳои 1:3 ва 1:2 мағлуб гашт.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Манама парвоз намуд ва рӯзҳои 28-ум ва 30-юми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн ду бозии дӯстона анҷом дод. Ҳарду бозӣ бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби якхелаи 3:2 хотима ёфт.

Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро дар бозии аввал Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов, Раҳмоналӣ Шарипов ва дар бозии дувум Рустам Ҳамидов, Собирҷон Гулаков ва Баҳодур Хоҷаев ба самар расониданд.

Деян Дедович ба ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн 14 бозигарро даъват карда буд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозигарон: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои мунтахаби Непал (23-юми октябр), Афғонистон (24-уми октябр) ва Узбекистон (25-уми октябр) рақобат мекунад.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё дар шаҳри Урумияи Эрон доир мегардад. Аз ҳар як гурӯҳи ин минтақа дудастаӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

25 сентябр (чоршанбе)

Иморот – Тоҷикистон – 3:1

Голи Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров.

Дубай, Иморот.

26 сентябр (панҷшанбе)

Иморот – Тоҷикистон – 2:1

Голи Тоҷикистон: Умед Қузиев.

Дубай, Иморот.

28 сентябр (шанбе)

Баҳрайн – Тоҷикистон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов, Раҳмоналӣ Шарипов.

Манама, Баҳрайн.

30 сентябр (душанбе)

Баҳрайн – Тоҷикистон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Рустам Ҳамидов, Собирҷон Гулаков, Баҳодур Хоҷаев.

Манама, Баҳрайн.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG