Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи ҳафтум - натиҷаи беҳтарини наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон (кадетҳо), ки рӯзҳои 25-28-уми сентябр дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, бе медал монданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 460 варзишгари наврас (254 писар ва 206 духтар) аз 61 кишвар иштирок дошт. Писарон дар ҳашт вазн ва духтарон низ дар ҳашт вазн рақобат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон даҳ писару як духтар шомил буд. Дар сабқати писарон паҳлавонони навраси тоҷик дар ҳамаи вазнҳо рақобат карданд: Абдулло Сайфуллоев (вазни -50 кг), Сарвар Абдушукуров, Алишер Баротов (ҳарду дар вазни -55 кг), Фирӯзҷон Мелибойзода (-60 кг), Икромҷон Қурбонов (-66 кг), Ғаниҷон Ғаниев (-73 кг), Озодӣ Носиров, Суннатулло Лоиқов (ҳарду дар вазни -81 кг), Мансур Раҳмон (-90 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (+90кг).

Дар сабқати духтарон Тоҷикистонро Аҳлия Муъминова дар рақобатҳо дар вазни зери 52 кило намояндагӣ кард.

Аз миёни варзишгарони тоҷик танҳо Ғаниҷон Ғаниев дар вазни зери 73 кило натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ аз чаҳор қувваозмоӣ дар дутоаш бар рақибонаш аз Украина ва Кипр ғолиб омад, вале баъдан аз гуштигирон аз Туркия ва Озарбойҷон мағлуб гашт. Дар натиҷа паҳлавони навраси тоҷик мақоми ҳафтумро касб намуд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи ҳафтум дар ҳисоби умумидастаӣ ҳамроҳи дастаҳои Алҷазоир, Арманистон, Колумбия, Кипр, Эквадор, Ҳиндустон ва Португалия дар ҷойгоҳи 33-юм қарор гирифт.

Мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Туркия бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дувумро азони худ кард. Мунтахаби Русия бо касби 7 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол намуд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 80 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои ҷойи аввал 2300 доллар, барои ҷойи дувум 1300 доллар ва барои ҷойҳои севум 700-долларӣ супурда шуд.

XS
SM
MD
LG