Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бохту як бурди мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Иморот ва Баҳрайн


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 се бозии дӯстона анҷом дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), мунтахаби футзали кишвар рӯзҳои 25-26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор кард ва дар ҳардуяш бо натиҷаҳои 1:3 ва 1:2 мағлуб гашт.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Манама парвоз намуд ва рӯзи 28-уми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона анҷом дод. Бозии аввал бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов ва Раҳмоналӣ Шарипов ба самар расониданд.

Бозии дувуми дӯстона бо мунтахаби Баҳрайн дар Манама имрӯз, 30-юми сентябр, доир мегардад.

Деян Дедович ба ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон 14 бозигарро даъват кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);

Бозигарон: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои мунтахаби Непал (23-юми октябр), Афғонистон (24-уми октябр) ва Узбекистон (25-уми октябр) рақобат мекунад.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё дар шаҳри Урумияи Эрон доир мегардад. Аз ҳар як гурӯҳи ин минтақа дудастаӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

25 сентябр (чоршанбе)

Иморот – Тоҷикистон – 3:1

Голи Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров.

Дубай, Иморот.

26 сентябр (панҷшанбе)

Иморот – Тоҷикистон – 2:1

Голи Тоҷикистон: Умед Қузиев.

Дубай, Иморот.

28 сентябр (шанбе)

Баҳрайн – Тоҷикистон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Парвиз Раҳматов, Рустам Ҳамидов, Раҳмоналӣ Шарипов.

Манама, Баҳрайн.

30 сентябр (душанбе)

Баҳрайн – Тоҷикистон

Манама, Баҳрайн.

XS
SM
MD
LG