Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” бори ҳаштум қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд


Акс аз бойгонист.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии марказии даври ҳабдаҳуми мусобиқоти лигаи олӣ дар меҳмонӣ «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, пешакӣ ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфт ва барои бори ҳаштум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд.

Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017 ва 2018 бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ сарфароз гаштааст. Зимнан, «Истиқлол» аз рӯи ин нишондод аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон шудааст, пеш гузашт ва бошгоҳи серунвонтарини футболи кишвар гардид.

Ҳайати «Истиқлол» дар бозӣ муқобили “Кӯктош” чунин буд: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев (Шаҳзод Давлатов, 84), Табрези Давлатмир, Алексей Ларин, Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 68), Комрон Турсунов (Шаҳром Сулаймонов, 65), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шериддин Бобоев.

“Истиқлол” феълан дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ бо 45 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар даври ҳабдаҳум дар меҳмонӣ ба дарвозаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ панҷ голи беҷавоб зад, бо 29 имтиёз ҷойи дувумро касб намудааст. Хуҷандиҳо барои дарёфти медалҳои нуқра талош доранд.

“Хатлон”-и Бохтар, ки бозии даври гузаштаро дар сафар бо “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан” бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо 23 имтиёз ҷойи севумро ишғол мекунад.

Дар даври ҳабдаҳум “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ба ҷуз “Хатлон” дастаҳои “Регар-ТадАЗ”, “Кӯктош”, ССКА “Помир” ва “Истравшан” барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

Бозиҳои даври ҳаждаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 5-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Илҳомҷон Баротов, 8 (1:0). Парвиз Охунов, 89 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

27 сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 1:6

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 27 (0:1). Шериддин Бобоев, 40 (0:2). Эҳсони Панҷшанбе, 46 (0:3). Шериддин Бобоев, 61 (0:4). Отабек Каримов, 69 (1:4). Алишер Ҷалилов, 73 (1:5). Шериддин Бобоев, 87 (1:6).

Беҳтарин бозигари дидор: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

27 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 6000 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» – 2:1

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 28 (1:0). Сафаралӣ Каримов, 35 – аз пеналтӣ (1:1). Акбари Шелдорӣ Ораш, 44 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

27 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2000 тамошобин.

«Панҷшер» – «Хуҷанд» – 0:5

Голҳо: Алишер Баротов, 18 (0:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 19 (0:2). Фирдавс Чақалов, 60 (0:3). Фирдавс Чақалов, 64 (0:4). Ҷаҳонгир Эргашев, 66 (0:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

27 сентябр. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

14

3

0

51-12

45

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

9

2

5

31-16

29

3

«Хатлон» (Бохтар)

17

6

5

6

23-22

23

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

6

4

7

24-27

22

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

17

5

5

7

24-29

20

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

17

5

4

8

17-24

19

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

16

5

3

8

14-24

18

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

17

3

2

12

13-43

11

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 14 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Турсуналӣ Рустамов («Хуҷанд») – 8 тӯб.

Даври 18-ум

5-уми октябр (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 15:00

«Хатлон» – «Хуҷанд»

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

«Истаравшан» – «Кӯктош»

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG